Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

хешро фаромӯш кардаанд. Дигар ин диноварон динвар шудаанд.

Эй бузургмеҳано, эй Бузурги Хуросон, дигар тобиши ховар аз туст! Ту рисолати хешро дарёфтаӣ! Пайки ту омад, Баҳроми ту омад! Бо оростадирафш ба ойини хусравон! Дигар офтоб аз дили ту уруҷ хоҳад намуд. Ту дигар ба Кайхусрави хеш бол хоҳӣ дод! Ту Ҷамшедвор ба сарзамини ҷовидона ҷавониҳо хоҳӣ кашид! Эй Хуросон, эй сарзамини пайғамбарони раҳои, эй маҳди Офариниш! Ҷовидона мон!..

Ва он шаб хоб ба дидаи амир Исмоил наёмад. Қаср орому сокит буд. Аз дурҳо, аз найистонҳои Ҷӯйи Мӯлиён гоҳ-гоҳ садои шағолон ба гӯш мерасид. Ва шери шаҳзода Аҳмад тани танҳо даруни даҳлезҳои қасри шоҳӣ гардиш мекард.

Ва Амри Лайсро бар тахти равон ба Бухоро меоварданд...

Худо шоҳид, амир Исмоил инро намехост. Ва фардо бо ӯ чун рӯбарӯ хоҳад шуд?!

Аз ҳар канораи шаҳр садои муаззинҳо мардумро ба намози бомдод фаро мехонд. Амир Исмоил ҳанӯз дар намози хуфтан буд.

Сапедаи саҳар густурдатар мешуд. Чорбоғ бо нағмаи мурғон бедор мегашт. Ва ду марде дар дили дашт, зери офтоби тафсон, яке савор бар маркабе ва дигаре пиёда, яке ташнаву хаста, дигаре роҳату осуда аз бими гармову ташнагӣ мерафтанд. Яке фарохимиву дигаре иброҳимӣ, яке беҳдину дигаре ҷуҳуд... Он марди савори беҳдин ҳатто асбашро бар хӯи хеш парварда буд ва лавозимеро, ки бар як мусофир зарурат дорад, бар он бор карда, вале марди ҷуҳуд бору барге надошт. Байни ишон гуфтугӯе ба вуқӯъ омад.

Марди савор: Мазҳабу эътиқоди ту чист?

Ҷуҳуд: Эътиқоди ман ин аст, ки дар осмон Худост ва ман бандаи ӯ ҳастам ва аз ӯ мехоҳам, ки ба ман ва ҳар касе, ки бар дини ман аст, хайр расонад. Муътақидам, ки ҳар касе бо дини ман мухолиф бошад, хуну молу арзу аҳлу фарзандонаш бар ман ҳалол аст ва ёрии ӯву насиҳати ӯву муруввати ӯву тарахҳуму шафқати ӯ бар ман ҳаром аст. Ин аст

  1. Фароҳим (Фраҳим) бобои модарии Зардушт.
  2. Арабҳои давраи аввалро дар Эронзамин ҷуҳуд меномиданд.
пешина
аз 675
навбатӣ