Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мазҳабу эътиқоди ман. Акнун ту бигӯй, ки дину мазҳабат чист?

Марди савор: Мазҳаби ман ин аст, ки ман барои худ ва тамоми инсони замин хайр талабам ва барои ҳеҷ кас аз офаридаҳои Худо бад намехоҳам, хоҳ бар дини ман бошад ва хоҳ мухолиф бошад ва мӯътақидам, ки бо ҳар ҷондоре бояд меҳрубон буд ва бедоду номардумӣ набояд кард. Ҳар гоҳ касе дардманд бошад, ман ҳам дар худ дарди ӯро эҳсос мекунам ва орзумандам хайру саодат ва сиҳату масаррат ба ҳамаи мардум яксара баробар бирасад.

Марди ҷуҳуд: Агар касе ба ту зулму бедод кунад, чӣ мекунӣ?

Марди савор: Ба худованде додгар бовар дорам, ки зулму бедодро посух медиҳад, ҳамчунон ки эҳсону некӯиро подош мебахшояд.

Марди ҷуҳуд: Аммо ман мебинам, ки ту тибқи дини худ амал намекунӣ.

Марди савор: Чӣ гуна?

Марди ҷуҳуд: Ман ҳам аз ҷинси ту ҳастам ва мебинӣ, ки пиёдаам ва зоду тӯшаем надорам, хаставу гуруснаам, дар ҳоле ки ту бар асп саворӣ ва бору буна фаровон дорӣ.

Марди савор: Рост мегӯӣ, ин мурувват набошад.

Аз асп ба зер меояд. Суфра мегустарад ва он чӣ аз хӯрданиву ошомиданӣ, ки дошт, бар сари суфра мениҳад. Марди ҷуҳуд харисона шикам сер мекунад. Он гоҳ марди зардуштии ҷуҳудро бар аспи хеш савор мекунад ва худ пиёда ҳамерафтанд. Ҷуҳуд аспро маҳмез мезанад. Марди зардуштӣ зи дунболаш фарёд мезанад:

  • Эй мард, маро танҳо магузор, ки дар ин биёбон безоду тӯшаву маркаб ҳалок хоҳам шуд.

Марди ҷуҳуд: Магар ман динамро ба ту нагуфтам ва ту ҳам мазҳабатро ба ман гуфтӣ? Ту ба дини хеш амал кардӣ ва ман ҳам мехоҳам тибқи мазҳабам рафтор кунам.

Марди ҷуҳуд бе ҳеҷ биму афсӯс аспро биронд ва марди зардуштӣ аз дунболаш медавид ва мекӯшид ӯро ба сари салоҳ биёварад, вале беҳуда. Ҷуҳуд дар мазҳаби хеш устувор буд. Ба насиҳату шикваи зардуштӣ эътино накарда бирафт. Марди зардуштӣ вомонда миёни биёбон бимонд. Пас дил ба сӯйи Худованд карду гуфт:

  • Худоё, ман ба ақидаи мазҳабиву инсониам амал кардам ва бар Ту аз ин моҷаро чизе пӯшида нест.
пешина
аз 675
навбатӣ