Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Пас ба роҳ афтод. Ҳанӯз чандон роҳе нарафта буд, ки дид асп ҷуҳудро бар замин афканда ва худ ба гӯшае истодааст. Марди ҷуҳуд гардану пой шикаста, зору низор бар замин аст.
Асп соҳибашро синохта ба сӯяш меравад. Марди зардуштӣ бар асп савор шуда қасди рафтан карда буд, ки ҷуҳуд бо яъсу навмедӣ фарёд зад:
-Эй мард, ман акнун бештар сазовори раҳматам ва ту ҳам бештар аз пеш раҳмат кун, ки ман афтодаам. Бар ман раҳм кун ва бар мазҳаби хеш амал кун, ки он мазҳаб туро ёрӣ карда ва пирӯз шудӣ.
Марди савор: Ту сазовор ба меҳрубонӣ нестӣ, зеро ҷуз худат ба касе мурувват надорӣ.
Марди ҷуҳуд: Эй мард, сарзанишам макун, ки ба ту гуфтам эътиқоду диёнату мазҳаберо, ки тибқи он парварда шудаам ва падарону пирони мо ба он муътақиданд.
Марди зардуштӣ дубора аз асп ба зер омад, ҷуҳуди носипосро бар он нишонду ба шаҳр бурд.
Амир Исмоил бар ҷойнамози хеш аз арақ тар шуда буд ва он қадар хаставу беҳол менамуд, ки гӯё тамоми биёбонро пиёда паймуда бошад. Дар ҳақиқат буд ё дар рӯйе ӯ ҳамсафари ҷуҳуде биёбонро пиёда паймуда буд. Ва ҳанӯз даруни як шаҳри пурмагалу ноошнову пурдуд ва мардумаш бегона ҳайрон гардиш мекард, ки чанд шаҳнае ӯро боз доштанд. Ӯ сабаби боздошт шудани хешро пурсон шуд, вале шаҳнаҳо сӯяш бо тамасхур лабханд заданд, ки ту марди ғариб ҳастӣ. Дар ин шаҳр бар бегонагон ҷой нест.
Амир Исмоил эътироз кард, ки чун бегона аст. Ин шаҳру кишвар аз рӯди қолубино аз они онҳо буд. Ин бор шаҳнае ба баногӯшаш муште заду гуфт:
-Оре, аз шумо буд, вале худованди таоло насиби мо гардонд. Магар ба ҳангоми кандани Хандқа нашнида будӣ, ки ҳамаашро бар мо ваъда кард. Боз худро ба нодонӣ задану пурсидан чист? Беҳтар аст, бигӯй, аз тӯшаи роҳ чӣ дорӣ?
Амир Исмоил аз бими мушти дуввум ноилоҷ гуфт:
-Бо худ аспе дорам.
-Куҷост?
-Дар корвонсарои соҳил (худ ба худ) Ҳанӯз моли Оли Бармакро ба ғорат мебаранд!...
-Эй аҷамӣ, бо худ чӣ гур-гур дорӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо