Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
бо худ шарик хоҳам гардонд. Ин шӯрии ташнагизоро бо ин каломи тарованда чун чашмасорон бояд татҳир кард, бояд шуст, то кӯриву карриҳо аз байн равад, то ин каломи ташнаҷудой шунида шавад, дида шавад. Он гоҳ аст ки ин бегонагон аз ин ошно бегонагӣ нагиранд, аз дари ошноӣ бо ӯ унс ҷӯянд. На Адҳамвор аз он дурӣ гиранд, роҳ ба бероҳа раванд. Иброҳим боястӣ дигаронро бибарад, на худро бираҳад. Иброҳим боястӣ Гуштосп мебуд. Он гоҳ мебуд, ки кори муслиҳин башарро обистан месохт ва ба ҷое мерасад. Вале афсӯс, нутфаи андешаро дар раҳми ба- шар афтода аст... Ман ба шумо сирреро гуфтам, ки Ҷам- шед дар шаби торик бо худ наёрист! Абунаср мувозиби шерони хеш бош, ба шербонон эътимод нест! Шаҳбону чаро дар фикри фарзанди хеш нестанд ва ё мо бехабарем?
Шаҳбону: Ӯ худ иддао мекунад, ки ҳанӯз барвақт аст. Ба падарат худ бигӯ, ки чаро ҳоло вақт нарасидааст?
Амир Исмоил: Ман беш аз пеш моилам, ки наберагон дошта бошам. Ақалан аз ҷиҳати ворисони хеш дилпур бо- шам. Ҳо, бисёр мехоҳам.
Абунаср Аҳмад: Ҳанӯз сари қазия наандешидаам, гумон мекунам ҳанӯз аҳамият надорад.
Амир Исмоил: Шояд барои ту аҳамият надошта бошад, ва ин корро беаҳамият гирифтан бемасъулиятист. Моро ҳама корамон, ҳатто андешаамон барои дигарон ҳоизи аҳамият аст. Аз рафтору кирдор ва андешаи модар бораи кишвар ҳадас мезананд. Шикор хуб аст, вале ба вақташ. Ҳар кор вақту андоза дорад ва берун аз он адаб нест. Ба ҳама корҳо бояд расидагӣ кард.
Абунаср Аҳмад: Шоҳам ин гапи бадгӯён аст. Мехоҳанд...
Амир Исмоил: Кори як ҷавони вораста он аст, ки ҳеҷ бадгӯ дар он раҳ наёбад. Мо фақат аз роҳи гуфтору кир- дор ва андешаҳои худ ба дигарон дастак медиҳем, баҳо медиҳем ва қазоват мекунем. То мо сухан нагӯем, амал накунем, шинохта намешавем. Ба гардани дигарон партоф- тани аъмоли худ ва ба қавли шоҳзода бори гуноҳи бад- гӯён хасмон донистани онҳо бемасъулиятист. Ман гумон мекардам, ки танбеҳ ва дашноми муаллим шоҳзодаро дарсе шудааст.
Абунаср Аҳмад он айёмро аз ёд бурда буд. Ва ҳеҷ гаҳ аз хотираш хутур накарда буд, ки зиндагии ӯ, гуфтору кир- дораш мавриди бозпурсӣ қарор гирифт. Гоҳ аз гоҳ, ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо