Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Шояд Амри Лайс ба ҳамин фурсат умед мебандад ва орзуи бозгашт дорад?

Амир Исмоил: Аввалан, ин чиз муҳим нест. Сониян, ӯ дар дарбори халифа душмани зиёде дорад. Ба ҳеҷ ваҷҳ онҳо ба ӯ чунин имкониятро нахоҳанд дод. Вале бими ман на аз Амр асту на аз халифа. Ман аз туҳмати ояндагони ин сарзамин метарсам. Онҳо сукути хонадони Саффориро дар гардани ман хоҳанд баст. Ман аз ин туҳмат метарсам.

Муҳаммади Нуҳ: Оё бозгашти Амри Лайс барои амирам хатаре дорад?

Амир Исмоил: Боз дар сар чӣ хаёле дорӣ?

Муҳаммади Нуҳ: Ҳеҷӣ, ҳамту пурсидам.

Амир Исмоил: Имрӯз ҳеҷ қудрате наметавонад боиси хатари мо гардад. Инро бародари мо хеле хуб медонанд. Вале нооромӣ ба вуҷуд меоварад.

Муҳаммади Нуҳ: Пас ӯро бо роҳи Сиистон бояд ба Бағдод фиристод.

Амир Исмоил: Чаро?

Муҳаммади Нуҳ: Агар фарзандонаш ӯро раҳо кунанд, шоҳам аз маломати нофармонии амри халифа масун хоҳанд монд ва дар акси ҳол аз туҳмати ояндагон дар амон хоҳанд буд. Ҳама гуноҳ бар гардани худи Саффориён хоҳад афтод.

Амир Исмоил: Аҷаб чораи раҳои! Беҳин тадбир! - Кӯдаквор шодӣ мекунад, Муҳаммадро ба оғӯш гирифта аз замин мебардорад ва чарх мезанад. - Зиҳӣ ақли тадбиргар! Ман ҳеҷ гоҳ ҳамчунон шод нашуда будам. - Ва аз гуноҳон Муҳаммад мебӯсад. - Мушкилтарин масъалаи маро ба ин осонӣ ҳал намудӣ! Зиҳӣ чунин раҳои!.. - Амир Исмоил макс мекунад. Ба худ чеҳраи ҷиддӣ мегирад. Гӯё ин марди чанд нафас пештар шодмонаву хушбахт ӯ набуд. - Ман аз ӯ шарм медорам. Балки аз суханони хеш шармандаам. Ба кадом рӯй ба ӯ рӯ ба рӯ мешавам?! - Сухани амир хеле ғамангезу ноумедона садо медиҳад. - Ман ба ӯ истимолат дода будам, ки туро аз ҳашими халифа халос кунам... ва боз намедонам чӣ ваъдаҳои дигар...

Муҳаммади Нуҳ: Шоҳам андӯҳгин набошанд ва аз ин хусус андешае ба дил роҳ надиҳанд, агар ризоят доранд, банда ин мушкилро ба зимма хоҳад гирифт.

Амир Исмоил: Бе ту ман чӣ кор мекардам?!

Муҳаммади Нуҳ: Каси дигаре низ ҳамин корро мекард.

пешина
аз 675
навбатӣ