Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Амир Исмоил: Гумон намекунам. Баробарон дар паи фурсате ҳастанд, ки ман кай муртакиби хурдтарин лағзише мегардам.

Муҳаммади Нӯҳ: Аз он ҷо, ки ман медонам ва қариб ҳамеша бо ифонам, ҳамагон шоҳамро дӯст медоранд ва имрӯз дар саросари Хуросон хутбаҳо ба номи шоҳам мехонанд. Аз ҳама муҳимтар раоёи кишвар шоҳи хешро дӯст медоранд ва оромишу рифоҳи хешро мадюни ҷанобашон медонанд. Ва мардуми кишвар муҳаббати хешро ба шоҳи худ борҳо намоиш додаанд... Агар шоҳам иҷозат фармоянд аз паси маъмурияти худ ба назди Амри Лайс биравам.

Амир Исмоил: Бисёр хуб. Вале пеш аз он бояд аз нияти халифа огоҳ бошем.

Муҳаммади Нӯҳ ба талаби Ашнаси ғулом, ки алҳол ходими дарбори Бағдод ва расули халифа буд, аз назди амир Исмоил бадар рафт. Амир Исмоил дилтангона аз тахт поин омада гардиш мекард ва бо худ меандешид: “Дигар имрӯз дарвозаҳо аз Бухоро кушода шудаанд... Ва роҳи бемаргӣ ёфта шудааст... Муждагонӣ, эй Эронзамин, дигар ту наҷот ёфтай! Ва нуре зи дили зулмот ба сӯи ситорагони фалак уруҷ мекунад, дунё рӯшан мешавад. Ин зиё дигар роҳи туст... Ин бемаргӣ тӯҳфаст... Ин дарвозаҳо аз қалби ту боз мешаванд ва ин роҳҳо ба сӯйи ту меоранд ва дар ту қатъ мегарданд. Дигар то абад ҳамчунон боқӣ хоҳад монд, дигар то абад ҳамчунин имтидод хоҳад ёфт. Ин масири туст, ин дигар сарнавишти туст. Рудҳои гилолуд дар ту софӣ хоҳанд шуд. Барои ин дунё як осмони пурситора хоҳӣ гашт. Ва ин ситораҳо бо мурур ин олами зулмотро чун офтобе равшан хоҳанд сохт... Эй сарзамини шукӯҳманд, эй диёри нахустин омӯзгорон, муждагонӣ!!!”

Ва аз ҳилоли панҷараҳо садои муаззин меомад... Ва суруди ниёиши як сарзамин бо ин ҳама паҳноварӣ ба сӯйи осмон мерафт.

Ва фариштагон дар пойгоҳи муқаддаси Арш салавот мефиристоданд...

Ва амир Исмоил дигар дар дилу андешааш сафо ёфта буд. Дунё лабрез аз нағмаҳо шуда буд.. Нағмаҳои аршӣ! Нағмаҳои Аъло!...

Дигар ҳар чиз ба асли хеш бармегардад! То абад ҳамчунин хоҳад монд!!!

пешина
аз 675
навбатӣ