Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

ҚАСРИ ВАРАХША

Аҳмад бинни Муҳаммади Лайс дар кушки қадимаи Вараҳша барои Амри Лайс, Аҳмад ибни Наср ва Абуюсуф Яъкуб, ки ӯро то ба Бухоро ҳамроҳӣ мекарданд, маҷлиси пазиройӣ ороста буд. Вале рӯзи дуввум мегузашт ва ҳанӯз аз ҷониби шоҳи Хуросон хабаре не. Амри Лайс дилтанг шуда буд ва дигар нисбат ба атрофиёнаш беэътино гардида, фақат бо худ меандешид. Абуюсуф Яъкуб ҳам аз боргоҳи бародараш барнагаштааст. Ба Аҳмад бинни Муҳаммад низ рӯҳияи меҳмон гузаштааст. Чизе дар дилаш намегунҷад. Вале рафтораш фақат аз рӯйи одоб аст. Амри Лайс бо худ меандешид, ки амир Исмоил дар хусуси ӯ чӣ хаёле ба сар дорад. Вале наметавонист чизе бифаҳмад ва ё иқдомеро аз тарафи ӯ тахмин ҳадас бизанад. Ва дар натиҷа ки ба ҷое нарасид ба худ иқрор кард: шояд рафтораш нодуруст буд, намебоист чунин мекард. Дигар ҳама ҳадас заданҳояш беҳуда буд. Хайр чӣ?! Айби худи ӯст. Ироқ дар тасарруфи малаххорҳо, гӯё аз азал моли падарашон бошад. Шабушхорҳо аз ҷониби Чин таҳдид мекунанд. Магар дар ҳамаи ин вазъият худи ӯ айбдор нест. Чаро фақат ба қисмати ғарбии кишвар қаноат накард, ва сарҳадоти боқимондаи мамлакатро аз дасти ғосибон бигирад. Он гоҳ амир Исмоил таҳдидҳои шимолу шарқии кишварро ханасӣ мекард. Метавонистанд дар сулҳу осоиш бо ҳам муросо кунанд. Айби худи ӯст. Исмоил гуноҳе надорад. Ҳатто халифа аз ӯ пуштибонӣ накардааст. Ҳатто ӯ метавонист дар Самарқанд боқии умрашро бо осудагӣ сипарӣ созад. Вале не, ин ҳама кам буд, ӯ бештар мехост. Амир Исмоил дар баробари хашму қаҳри халифа ӯро замонат буд, вале не, хумори таҳсину ситоиши халифааш гирифт. Дигар дер шудааст, фурсат аз даст рафтааст. Дигар ҳар чи андешидан дар ин хусус бефоида, абас аст. Чаро амир Исмоил дер мекунад, ду рӯз мегузарад, вале аз ӯ дарак нест. Ин интизорӣ аз як амри номаълум ӯро дилтанг сохтааст. Ин ду рӯз ба мисли ду сол гузаштааст. Худоё ин интизорӣ поён дорад?! Ӯ имрӯз ба касе даркор нест. Ҳатто ба наводогонаш! Агар халифа ӯро талаб ҳам ки мекунад, фақат барои оромии худаш аст. Амри Лайс барои онҳо ба масобаи исёну нофармонӣ талаққӣ мешуд. Ба мисли Яъкуби Лайс!.. Амр, сабур бош, ки парвардигор чӣ мефармояд?
Ҳоҷиб аз дар медарояд ва дар гӯши Аҳмад ибни Муҳаммад

пешина
аз 675
навбатӣ