Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

баргузор мекунем.

Шаҳбону: Охир, ин чӣ хел мешавад?

Амир Исмоил: Ҳама корҳо хуб мешавад. Агар хонаводаи арӯс майли ба Бухоро кӯчидан дошта бошад, бедиранг онҳоро ҳамроҳи хеш бигиред. Боз кор хубтар хоҳад шуд. Онҳоро дар Ҷӯйи Мӯлиён ва ё Баркад, ҳар ҷо ки маъкулашон афтод, фуруд оред. Ман барои муҳайё сохтани манзилашон пеш аз рафтан супориш медиҳам... Дигар фикр мекунам, чизе намонд. Ман бародарам Абуюсуфро ба гардиши Бухоро мебарорам. Шаҳр хеле тағйир ёфтааст.

Ва бародарон аз боргоҳ хориҷ мешаванд. Шаҳбону, Аҳмад ибни Наср, Муҳаммади Нӯҳ ва Абулфазл то дергоҳ дар боргоҳ мемонанд.

ДАР РОҲИ БАҒДОД

Амри Лайс сӣ рӯз мешуд, ки ба умеди раҳоӣ дар иҳотаи сӣ сарбози муҳофиз роҳ мепаймуд. Ҳамагон хаста шуда, сутурҳо қариб аз пои равон монда буданд. Вале Амри Лайс хастагиашро эҳсос намекард. Ва барои Ашноси ходим ин роҳе, ки мерафтанд, ҳеҷ ба Бағдод намерасонд. Ҳафс ибни Умар аз зиндагияш безор шуда буд ва дар дил ба умедҳои бепояи Амр лаънат мефиристод. Фақат ӯ медонист, ки амири маъзули Ироқайн ва Хуросон ва Синд беҳуда умед мебандад ва дар ёди ҳеҷ касе аз навводагонаш нест. Ӯро фаромӯш кардаанд ва ё аз баҳраш баромадаанд. Ҳар кадомаш дар хафоли худаш бо айшу нӯш машғул аст. Сармояи ба заҳмати ду насли саффорӣ гирдомада ройгон ҳарҷ мешавад ва чун барги хазоне асири панҷаи бод мегардад. Оҳ, Сиистон пур аз бод аст! Боде, ки аз саҳрои Лут мевазад ва якзарб ба муддати яксаду бист рӯз хоки Сиистонро мебезад. Боде, ки ба шаб сарлу ба рӯз дӯзаҳофарин аст. Боде, ки ба касеву чизе амон намедиҳад. Касеву чизе аз газанди он панаҳ намеёбад.

Дигар саҳрои Лут бо боду бо гармову бо сармояш ишонро хаста кардааст. Ашнаси ғулом аз тангдиливу хашм фарёд мезанад:

-Ки медонад, оё ин саҳро поён дорад? Оё мо ба ободие мерасем? Ин боди сарду дӯзахзо оё меистад?...

пешина
аз 675
навбатӣ