Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин фарёдҳои аз дард ба лаб расидаро бод мебарад. Даҳони фарёдгари Ашнаси ғулом аз рег пур мешавад ва ҳамчунон дар ҳолати фарёд задан боз мемонад. Амри Лайс чизе намешунавад. Гӯшҳояш аз нағмаи раҳоӣ пур шудааст. Ҳафс ибни Умар ба зӯр лаб мекушояд, вале дар пӯзбандаш ҳамс мешавад. Ӯ гӯё бо тамоми тавонаш фарёд мекашид, ки: “Оре, поён дорад! Дар интиҳои ин саҳро шаҳраки Ниҳ ободону бо кишт аст. Мӯъҷизи Худоро бин, ки пашша надорад!...” Ӯ мехост Ашнаси ғуломро тасаллӣ диҳад. Сарбозонро умедвор созад. Вале афсӯс, боди гарми Нимрӯз каломашро дар гулӯяш сӯронд, чун дуде аз димоғаш бурун овард. Оре, ин саҳро бо шаҳраки Ниҳ интиҳо меёбад ва ӯ аз ин меҳнат барои боқии умр халос мешавад. То ба Ниҳ чанд фарсахе боқӣ мондааст. Дигар раҳоии дар даст расидаи эшон қарор дорад. Баъди чанд фарсахе дигар ва ё манзиле онҳо азобу шиканҷа ва хастагии роҳро фаромӯш хоҳанд кард. Бо шаб баробар, балки якҷо, дар як вақт ба Ниҳ хоҳанд расид, ба Ниҳ ворид хоҳанд шуд! Ашнас реги даҳонашро туф карда боз фарёд мезанад:

  • Ин сарзамини Гаршоспу Рустам аст?!
    Ҳафс ибни Умар зери лаб хешро тамасхур мекунад. “Дар ин диёр ҳатман Рустаму Гаршосп мебояд буд! Вагарна писари Луҳросп бошӣ ҳам, зарир хоҳӣ шуд!”

Амри Лайс хомӯш буд ва ҳарфеву садое ба гӯшаш намедаромад. Ӯ саропо дар тасарруфи тасаввури пазироии наберагонаш буд. Онҳо хеле пазмонаш шудаанд! Балки Сиистон чун оташзадае ба қатраи борон пазмон шудаанд. Тоҳиру Яъқуб ӯро дар миён гирифта, аз байни пешвозгирандагони пазмоншуда ба сӯйи Заранҷ мебаранд. Ӯ аз ин пазироӣ ба риққат меояд, ашк мерезад. Ва дар ҷавоби шаафу шодии мардум фарёд мезанад: “Ман бо шумоям. Ман дигар то абад бо шумоям!” Ва Мӯътазид ноумед мегардад. Дар воқеъ ӯ фарёд мезад ва ин фарёди ӯро фақат Ҳафс ибни Умар, ки ҳампаҳлӯяш буд, мешунид ва бо тамасхур мегуфт: “Чӣ ҳаз!”.

Ва бод фарёд мекашид, бо хашм хору хасро бар ҳаво мебурд, регро бар сару рӯйҳо мезад. Бод девона мешуд. Офтоб паси осмони пурғубор бо ранги парида сӯйи ғуруб мерафт. Офтоби Нимрӯз ҳам сард мешуд! Ва саҳрои Лут менолид: “Чӣ ҳазззз!

Иштиёқи дидори “пазмоншудагон” сабр аз дили Амр мебарад. Гузашти замон сангин мегардад. Аспашро ба

пешина
аз 675
навбатӣ