Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

кай буд? Дирӯз, амири Хуросону имрӯз асири банда! Аҷаб дунёи дун аст!

Ҳафс ибни Умар: Зиндагии ҳар фард нишони ибрат аст.

Амри Лайс (ба андӯҳи бузурге): Дирӯз вай бозичаи дасти ман буд ва имрӯз вай бо ман бозӣ мекунад!.. Ҷуз таваккул бар Худо кардан дигар коре аз дастамон намеояд. Дар куҷое шунида будам, ки фарзонае мегуфт: Шоҳ бо масхара кардани масхарабоз бегумон худ масхарабоз шуда буд! Лут мешавад лутӣ ва лутӣ мешавад Лут! Пас то ба он лаҳзаи муродбахш ибтикоре аз худ нишон намедиҳем, фақат интизор мешавем.

Ҳафс ибни Умар: Таваккул бар Худо мекунем, то чӣ мефармояд.

Сарбозон аз хастагиву кӯфтагии роҳ пинак мерафтанд, ва ба такон хӯрдан бо ҳарос бедор мешуданд. Ашнаси ғулом дар даромадгоҳи шаҳр аспашро баргардонда, ба назди Амри Лайс, ки дар миёни гурӯҳ мерафт, меояд.

Ашнас: Ин ободӣ корвонсарой дорад?

Амри Лайс: Оре.

Ӯ боз аспашро чорнаъл мезанад ва дар раъси мусофирон вориди шаҳр мешавад. Дар назди бинои корвонсарой меистанд. Ашнас бо сарбозе фармон медиҳад: "Саройдорро даъват кун!" Сарбоз коҳилона аз асп поин меояд ва мисли тифли нав пои равон бароварда ҷониби дарвоза меравад. Ашнас аз гомзании ӯ дилтанг мешавад ва аз пасаш фарёд мезанад:

  • Зуд бош!

Сарбоз қасди давидан мекунад, вале по ба по зада меафтад. Дигар сарбозон беҳолона лабханд мезананд. Сарбоз дарвозаро ҳалқа мезанад, вале аз дарун садое намеояд. Боз сахтар мезанад. Касе ҷавоб намедиҳад. Сарбоз дар нимторикӣ ба сӯйи Ашнас фарёд мезанад:

  • Ин ҷо касе нест!

Ашнас (бо овози хашмин): Ӯро пайдо бикун! Хонаҳои гирду атрофро дар бизан!

Сарбоз даруни торикиву боди сард ғарқ мешавад. Дақиқаҳо тӯл мекашанду аз беқарорӣ соат мешаванд. Ва дар поёни кӯча нури хирае пайдо меояд ва боз ғайб мезанад. Ва гаҳ аз гаҳ аз хилоли боду торикӣ садои дар задани сарбоз ба гӯшҳо мерасад. Аспҳо аз хастагиву сармо пой мекубанд. Саворагон аз ламси боди сард дар худ хазидаанд.

пешина
аз 675
навбатӣ