Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ниҳоят сарбоз бо марде пайдо мешавад. Сарбозон аз омадани саройдор сар аз гиребон кашида боз чун суғур дар хафоли хеш фурӯ мехазанд. Овози бо сарбоз ҳарф задани саройдор шунида мешавад, ки шикоят мекунад: “Як сол мешавад, ки ба ин ҷониб касе наёмадааст, қурбон... Манзиле, ки дар он одам зиндагӣ накунад, хароба аст, қурбон... Дар замони Амири Асир ин ҷо ободон буд, пуродам буд, қурбон... Дунёи сифлапарвар!... Кишварро ба ғорати бесамар гардондаанд... Дигар ба ҷуз доду водод аз дасти мо чӣ ҳам меояд, қурбон... Аз одам ҳамин тавр омада, ки ин қавм худаш бузургонашро ба қурбонгоҳ мебарад, бо дасти худаш қурбон...

Ин суханҳо барои сарбозони хаста ҳоизи аҳамияте набудаанд, балки дар гӯшашон ҳамчунон ин бод садо медоданд. Вале “Амири Асир” вазъи дигаре дошт. Ҳар сухани саройдор ӯро маҳкум мекард, теғе ба ҷигараш мезад. Ин ҳоли ногувори Амри Лайсро фақат Ҳафс ибни Умар мефаҳмид. Ашнаси ғулом нисбат ба ин пурҳарфии саройдор беэътибор буд ва аз худ вокунише нишон намедод. Ӯ бо тафохур фикр мекард, ки амиреро бо чунин бузургӣ худованд назди ӯ чунин залил гардондааст. Имрӯз дар ин мавқеъ, дар ин ҳолат халифаи Бағдод вай аст!

Ашнас (аз он баландиҳо): Эй мард, зуд бош, ки сардии ин бод бар устухонам расидааст! Сергапӣ одамро коҳил месозад.

Саройдор: Ба чашм, оғо, ҳамин замон корҳо хуб мешавад...

Дарвоза боз мешавад. Сарбозон аз аспҳо пиёда шуда вориди ҳаёти сангфарши сарой мегарданд. Амри Лайс болои аспи хеш, балки аспи Ашнас, ҳанӯз карахт нишастааст. Ашнас бо тарсу ҳарос аз дарвоза берун медавад ва базӯр худро аз дашном додан боз медорад.

— Амирам?!

Рашъа бар андоми Амри Лайс давид. Ҳатто амир Исмоил чунин густохона таҳқир карданро ба худ раво надида буд. Амри Лайс бо хашм лаҷомро ба сӯйи Ашнас ҳаво дода, аз асп пиёда мешавад ва вориди корвонсарой мегардад. Ашнас бо тамасхур пӯзханд мезанад ва аз дунболаш аспро ба андарун мебарад. Дере нагузашта ду-се хизматгори корвонсарой пайдо мешаванд ва меҳмононро ҷо ба ҷо мекунанд. Аспҳоро ба истаблҳо мебанданд ва ба онҳо алаф

пешина
аз 675
навбатӣ