Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
медиҳанд.
Хизматгор ба ҳуҷраи Амри Лайс ва Ҳафс ибни Умар медарояд.
Хизматгор: Хоҷагон чӣ мефармоянд?
Амри Лайс: Ҳар чӣ гарм аст. Фарқе надорад.
Хизматгор меравад.
Амри Лайс: Ман каме дароз мекашам. Хӯрок, ки оварданд, маро бедор мекунӣ. Ҳатман ман субҳгоҳон шаҳрдорро бояд бибинам. Фаромӯш накунӣ.
Ҳафс ибни Умар: Ман бомдод бояд ба роҳ бароям.
Амри Лайс тамоми шаб таб мекунад ва аной мегӯяд. Ҳафс ибни Умар лаҳзае аз болини амири хеш дур намешавад ва бо дамидани субҳ эшонро хоб мебарад. Дигарон низ фақат нисфи рӯз аз хоб бедор мешаванд.
Ашнас, бо вуҷуди он ки паси ҳуҷраи Амри Лайс посбон гузошта буд, баъди аз хоб хестан аввал сар ба ҳуҷраи ӯ мехалонад ва пасон машғули шустушӯ мегардад. Ҳафс ибни Умар аз паси Ашнаси ғулом берун меояд ва дар рӯи ҳавлии корвонсарой ба ҳам рӯ ба рӯ меоянд.
Ҳафс ибни Умар: Касеро паси пизишк бояд фиристод.
Ашнас (бо тамасхур): Боз чӣ шуд?
Ҳафс ибни Умар: Амир Амри Лайс бемор аст. Ӯ тамоми шаб табларза дошт.
Ашнас: Мо бояд ба роҳ бароем.
Ҳафс ибни Умар: Амир Амри Лайс дар чунин вазъе, ки дорад, сафар кардан наметавонад. Хатарнок аст.
Ашнас: Ӯ ҳамеша дарди сар эҷод кардааст! Ин ҷо монданамон низ хатар дорад. Ман масъулам, ки ӯро ба Бағдод бирасонам. Худоё, ин чӣ бало буд?!
Ҳафс ибни Умар: Шояд аз байни сарбозон табибе бошад.
Ашнас: Намедонам.
Ҳафс ибни Умар: Одатан ҳангоми сафарҳои дурударз ба гурӯҳ табиберо ҳамроҳ мекунанд.
Ашнас: Намедонам. Ҳоло мефаҳмем.
Ашнаси ғулом андарун меравад ва баъди фосилае бармегардад.
Ашнас: Мутаассифона, касе ин илмро намедонад.
Ҳафс ибни Умар: Пас аз пайи чора бояд шуд. Ва ё Ашнас ходим аз чизе бим доранд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо