Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳамин вақт Аҳмад бинни Муҳаммад бинни ал-Лайс дар ҳалқаи чанд нафар сарбоз вориди толор мешавад ва баъди таъзим кардан рӯ ба ҳозирон меоварад.

Аҳмад Лайс: Ошӯбгарон пароканда шуданд ва ҳар кадоме ба деҳу манзили хеш рафтанд. Шаҳр осуда аст ва мардум аз омадани амирам шодиву суруре доранд...

Амир Исмоил: Хоҳишмандам, сабабҳои ошӯб ва барангезандагони он маълум карда шаванд. Бадтарин душмани мо дар миёни худи мост. Мо бояд онҳоро бишносем. Душмани берунӣ он қадар хавфнок нест. Ҳамаи бадбахтиҳо, маҳрумиятҳо ва чаповалу сӯхторҳоро мардуми мо аз душманони дохилии хеш мутаҳаммил шудаанд. Мо бояд онҳоро шиносем! Ин аввалин гомест, ки мо метавонем дар роҳи амнияти диёри хеш бардорем.

Дигар ин ки мо дар ин роҳи мушкил, яъне пиёда кардани ҳадафҳои олии худ ба донишу тадбири шумо (ба тарафи Абилҳафс менигарад) такя менамоем ва умедворем дар ин амр кӯмаки хешро дареғ намедоред. Дар ҳамаи амри густурда мо ба шумо такя мекунем ва иншоаллоҳ якҷоя ҳама корҳоро ба субут мерасонем.

Бузургони Бухоро бо саркардагии Абилҳафс аз ҷой мехезанду таъзим мекунанд ва боз ба ҷойҳои хеш мешинанд.

Абилҳафс: Мавзӯеро, ки амирам тарҳрезӣ карданд, албатта боиси андешидану кор бастан аст. Албатта дар расолати амирам аст, ки метавонанд қоидаҳои куллиро барои кирдор пайрезӣ кунанд, ки корбасти аслии асосии ахлоқи ҷомеа ба шумор оянд. Аммо расолати ахлоқии фард аз вазифаҳои бешумор ташкил шудааст, ки виҷдон дар ҳилоли онҳо роҳнамои хатонопазир ба шумор меравад. Аз ин рӯ ҳар фард расолати ахлоқии воқеии худро дорад ва дар силсилаи ҳамкории амалие, ки рӯ ба сӯйи падид овардани як низоми ахлоқӣ, яъне фармонравоии комили ақл дар ҷаҳон аст, саҳми шахсӣ ба уҳда дорад. Дастёбӣ ба ин ҳадафи ормонӣ чунон, ки бояд, ниёзманди тақсими кори ахлоқӣ аст.

Исмоили Хавориҷӣ: Модоме, ки сухан дар хусуси ахлоқ ба миён омад, эшон дар масъалаи вафо ба аҳд чӣ андеша доранд?

Амир Исмоил: Ин ҷо ҷурм бар гардани мо нест. Он чунон, ки Худованди таъоло дар сураи Фатҳ фармудааст: "Ҳамоно касоне, ки бо ту байъат мекунанд, ҷуз ин нест, ки

пешина
аз 675
навбатӣ