Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

касе моли эшонро дуздад, хонаҳояшонро оташ занад ва худашонро ба бардагӣ барад. Дини мо, сиёсати мо дод аст!

Абилҳафс ба ҳоҷиби кох ишорат мекунад, ӯ аз толор баромада меравад ва баъди чанд сония хилъати шоҳонаро бузургони Бухоро меоранд. Абилҳафс хилъатро ба китфони амир Исмоил ҳамоил мекунад ва аз дасташ гирифта, ба сӯйи тахт мебарад.

Абилҳафс: Бифармоед, амирам.

Амир Исмоил бар тахт мешинад. Деҳқони дигаре тоҷи мурассеъ бар ҷавоҳиротро ба дасти Абилҳафс медиҳад ва ӯ тоҷро бар сари шоҳ мегузорад.

Абилҳафс: Муборак бошад!

Он гоҳ амир Исмоил ба бузургони Бухоро изни нишастан медиҳад. Ва Абилҳафсро бар тарафи рост ва Абулфазлро бар ҷониби чапи хеш мешинонад. Абузакриё Яҳё бародараш дар бари Фазли Марвазӣ ҷой мегирад ва дигар бузургон аз ду тараф, рӯйи суффаҳо мешинанд. Пеш аз нишастан ҳама ба як овоз табрикоти Абилҳафсро такрор мекунанд: ... Муборак бошад!

Амир Исмоил: Агар табъи ахлоқии башар ба камол рушд ёбад, давлат аз байн меравад. Расолати ҳамаи динҳои ҷаҳон таъмини камоли рушди ахлоқӣ бояд бошад. Вале барандагони ин адён, намедонам, ба кадом сабаб ин ҳадафи аслии хешро ба дасти фаромӯшӣ супурдаанд. Пас давлат ин табъи ахлоқии башарро танзим менамояд. Ҳама гуна давлат зулм аст. Маҷбуркунӣ аст. Яъне давлат лашкар дорад, шаҳна дорад, қозӣ дорад, муфтӣ дорад, шоҳ дораду вазир, то ки табъи ахлоқии башарро барои камол ёфтан таъмин кунад. Мо ақалан ин ҳадафро бояд дар доираи қаламрави хеш таъмин намоем.

Абилҳафс: Муроди амирам Мадинаи Мунаввара аст?

Амир Исмоил: Башар алҳол Мадинаи Мунаввараро дар хоб мебинад. Ин ниёзи башар аст, орзуи инсон аст. Табъи ахлоқии башар дар интиҳои камоли худ ба Мадинаи Мунаввара мерасад. Вале вазифа ва расолати мо дар қаламрави хеш густариш додани дод аст, адл аст. Мо барои расидан ба ин ҳадафи хеш бисёр-бисёр одамонро ҷазо медиҳем, қатл мекунем, ба зиндон мекашем. Аз ин рӯ, хоҳишмандам, аз амали мо наранҷед ва ҳар чӣ аз неку бад аз тарафи мо ба вуҷуд меояд, аз ҳамин ҳадаф сар мезанад.

пешина
аз 675
навбатӣ