Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
мавқеи ман дар Макка зарба зад” номаи тунде фиристод. Барояш хабар расад, ки касд доранд ҷои алами ӯ алами Мисрро боло кунад. Вале намояндаи Амр дар Макка ба ин кор иҷоза надод. Кор ба ҷое кашид, ки байни тарафҳо ҷанг бархост. Сокинони Макка аз намояндаи Амр пуштибонӣ карданд ва нагузоштанд, ки алами ғуломе ҷои алами ҳамчун Амри Лайси ғозиро бигирад. Ва боз аз рӯйи анъана дар тарафи рости минбар алами амири саффорӣ барҷой монд. Дар ин воқеа Бадри ҳаммомӣ-ғуломи Тулуни ғулом ҳузур дошт. Аз ин рӯ Бадр бо дарёфти хабари оварда шудани Амри Лайс, ки ҳама умр орзуи залил дидани ӯро дар дил мепарварид, бедиранг ба сӯйи Ашнаси ғулом, вале имрӯз ходим шитофт. Рӯзи дигар Амри Лайсро бар шутури дукӯҳонае филмонанд нишонданд ва ба Бағдод оварданд. Ӯро либоси абрешимини шоҳона пӯшонда буданд. Ин шутурро худ Амри Лайс дар қатори дигар ҳадоё ба халифа баҳри дарёфти маншури Мовароуннаҳр фиристода буд. Ӯ шутури масти хешро шинохт. Онҳо аз дарвозаи Порс вориди Бағдод шуданд. Мардуми шаҳр аз хурду калон, марду зан ба кӯчаҳо рехта буданд ва ҳанӯз мунодиён аз “ташрифи” амири саркаши саффорӣ нидо медоданд. “Амри Лайс омадааст, ки Бағдодро тасхир кунад!” Амри Лайс бар шутури филҳайбати хеш бо виқор нишаста буд. Бадри Ҳаммомиву Қосим бинни Абдуллоҳи сарҳанг бо сипоҳи хеш аз пасаш мерафтанд. Садои таҳқирҳову таассуфҳо аз миёни издиҳоми ҳангомаҷӯёни ду тарафи роҳ ба гӯшаш мерасид: “Ин ҳамон аст, ки айши моро мунағғас месохт!.. Осоиши моро халалдор мекард!.. Фарзандони моро ба коми марг месупорид! Ӯ ҳанӯз шикаста нест! Ӯ ҳанӯз шукӯҳи шоҳона дорад!.. Эй дареғ, дунё сифлапарвар аст!... Шер ба ҳангоми марг ҳам шер мемонад... Бо чашми кӯр ҳам чӣ зебост ӯ!..”
Ӯро дар кӯчаҳои шаҳр мегардонданд. Бадри ғулом умед дошт мардуми Бағдод санги маломат ба сӯяш мепартояд. Вале хилофи чашмдошти ӯ, чунин ба назар мерасад, ки мардум аз фотеҳи хеш истиқбол мекарданд. Аз хашм чашмони тангаш дар рӯйи пачақаш гум шуда ва амомаи бузург қомати кӯтоҳашро бар болои зин боз хурдтар сохт. Нуқси чиз ҳангоми намоиш ҳувайдо мешавад. Ва мардуми Бағдод аз салиқаву табъи пасти халифаи хулқомӣ меомад: чи сон мумкин аст?! Ҳирси дунё ҳар чизи номумкинро имконпазир мегардонад! Ҳамчунон дар баробари

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо