Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
чунин зиштиву палиштӣ таҳаммул карданро!
Қасри Сурайё
Халифа Мӯътазид биллоҳ дар зеботарин бинои шаҳри Бағдод — қасри Сурайё бо Ашнаси ходим танҳо ба танҳо сӯҳбат мекард. Ранги рӯяш беморгуна парида буд ва овозаш аз ранҷи дард хаставу хафӣ садо медод. Чашмонаш аз бехобӣ варам кардаву сурх гардида.
Мӯътазид: Таъхир кардӣ?
Ашнас: Сафари мо аз тариқи Сиистон буд.
Мӯътазид: Чаро?
Ашнас: Роҳи Хуросон амн набуд ва маслиҳат он дидем, ки аз дур бошад ҳам аз тариқи Сиистон биёем.
Мӯътазид: Аз Бухоро кай баромаДӣ?
Ашнас: Ду моҳ пеш.
Мӯътазид: Барои чунин маъмурияте басо дароз аст.
Ашнас: Амри Лайс қариб як моҳ бемор буд ва маҷбур шудем, ки то сиҳат ёфтани ӯ дар Ниҳ тавакқуф кунем.
Мӯътазид: Ӯ бемор буд ва ё хостед?.. Ва амир Исмоил ибни Аҳмад мехост ӯро бигрезонаД?..
Ашнас: Гумон намекунам. Агар ӯ чунин мақсаде медошт, ӯро аслан ба Бағдод намефиристод.
Мӯътазид (худ ба худ): Ту чӣ медонӣ, ки ишон чӣ мақсаде доштанд. Худованд ростоварандаи корҳост! (бо Ашнас) Ҳоло ӯро куҷо фуруд овардай?
Ашнас: Ӯро дар шаҳр мегардонанд.
Мӯътазид (фарёд мезанад): Ин амали зиштро кӣ фармуд?
Ашнас: Бадр-ул-Кабир. Ишон бо Қосим ибни Абдуллоҳ дар шаҳр ҳамегардонанд.
Мӯътазид хашмолуд аз ҷойгаҳаш хестанӣ мешавад, вале аз заъф наметавонад. Бо овози ларзон хитоб мекунад.
- Фавран, ӯро биёред!
Ашнаси ходим гӯё ба фарши мармарин мехкӯб шуда бошад, карахту ночунбон аст. Аз сари худ андеша дорад. Амиралмӯъминин аз чизе огоҳ аст, ки ӯ намедонад!
- Чаро карахт шудаӣ? Зуд бош!
Ин каломи эҳтиромноки амиралмӯъминин ӯро ба худ меоварад. Якбора якқа мехӯрад ва пуштинокӣ ба сӯйи дар меравад. Мӯътазид биллоҳ танҳо мемонад ва дигар ҳеҷ касро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо