Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
аст. Зарарро баён кун.
Зореъ: Сӣ дирам...
Амир Исмоил: Изофи он диҳед.
Зореъ он рӯз ва рӯзҳои дигар низ аз ин ҳодиса рӯҳияи боланд пайдо карда буд. Бовараш намеомад. Ӯ аз адолати шоҳон бисёр қиссаҳо шунидаву хонда буд, вале надида буд, балки ҳеҷ касро чунин саодате муяссар нагардида буд. Ҳар рӯз чунин ҳодисае воқеъ намешавад. Агар чунин воқеаҳо ҳар рӯз имконпазир мебуданд, қиссаи шоҳ Исмоилу Зореъ вирди забонҳо намегардид. Мардуми шаҳру деҳистон ба ҷуз ҳикоят кардани ин ҳодиса гӯё дигар коре надоштанд. Ва худи ҳамон рӯз воқеаи дигаре ба вуқӯъ пайваст, ки мардумро беш аз пеш шигифтзада сохт. Ҳинне ки амир Исмоил дар шаҳр гардиш мекард, мардум ҳарбандаи ӯро пешандоз карда ба назваш бурданд ва нолиданд. Амир Исмоил ба хашм сӯи ҳарбанда нигаристу гуфт:
— Туро музд ҳаст?
Ҳарбанда (бо тарсу ҳарос): Ҳаст.
Амир Исмоил: Мунодии ман нашнидӣ?
Ҳарбанда: Шунидам.
Амир Исмоил: Пас чаро ба полизи раъияти ман андар шудӣ ва зиён кардӣ?
Ҳарбанда: Хато кардам.
Амир Исмоил: Ман аз баҳри хатои ту ба дӯзах натавонам рафтан. Барои ибрати дигарон дасташ бибуред, дар шаҳр бигардонед ва мунодӣ кунед: Бо ҳар касе ки хилофи раъйи амир амал мекунад, дар моли раоё дастдарозӣ мекунад, ба чунин ҷазо гирифтор мешавад.
Фармони шоҳро худдом дар ҳол ба маърази иҷро гузоштанд. Ҳарбанда ҳеҷ гумон накарда буд, ки ғафлаташ аз хари хеш ӯро ба чунин ҷазои сахт гирифтор месозад. Ба соҳибони зироат писханд зада буд, ки ба беҳуда хешро ранҷа месозанд. Дигар аз тарс ранг дар рӯяш намонда буд. Шкоён низ аз кори хеш пушаймон шуданд ва тарс бар мардум муставлӣ гардид. Онҳо, яъне мардуми шаҳр аввалин бор буд, ки бо муҷримон чунин муносибат карданро медиданд. Лашкарии Рофеъ бинни Ҳарсама агар шаҳреро ба ғорат мебурд, бе ҷазо мемонд. Хоразмиён низ аз аъроб бадтар бераҳму золим буданд. Ва рафтори онҳо бо раоё ҳамчун амри мусаллам пазируфта мешуд ва мардум ба ин тарзи муносибат хӯ гирифта буданд; бояд чунин буда бошад!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо