Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Вале амир Исмоил ҳатто бар ҳарбандааш гузашт накард, чӣ расад, ба лашкарӣ! Ва ё пояи адл бо зулм гузошта мешавад?! Зулмро бояд бо зулм фурӯ нишонд! Дар акси ҳол адолате буруз нахоҳад дод. Хишти биҳиштро аз хокистартудаҳои дӯзах мебояд рехт!..
Амир Исмоил ҳарчанд ба қаҳр ҳукми ҳарбандаашро баровард, вале ғамгин шуда буд. Ӯ ба ёди фарзандони ин муҷрим афтод, дилаш ба ҳоли эшон сӯхт. Вале чӣ чора?! Агар пеши роҳи зулм гирифта нашавад, густариш меёбад. Он гоҳ бар ҳамагон мушкил мегардад. Зиндагӣ бесамар хоҳад шуд. Ӯ ба ин хотир ба роҳ баромадааст. Ӯ меравад, ки дасти зулмро кӯтоҳ кунад. Қатъ кунад! Ӯ меравад, ки диёри аҷдодашро бубинад, бо наберагони Меҳрон, ба амазодагонаш ошно шавад. Ин Нӯшрадӣ меравад то ба фарзандони Меҳрону Шопуру Баҳроми Чӯбин хешро бишносонад, нишон диҳад, ки номи Нӯшрад - он ҷадди аълои хонадони сомонӣ аз дафтари рӯзгор сутурда нашудааст. Ӯ омадааст, ки он шукӯҳи аз даст рафтаро аз нав муҷалло кунад. Мардуми ин сарзамини паҳновару шукӯҳмандро дар орзуву умедҳои хеш мутмаин созад: Баҳроми Варҷованд дар роҳ аст! Ман омадаам ки ба шумо эълом кунам: Ҳар кас такрори ҷадди худ аст! Навмед набошед, бар аспи шукӯҳманди орзуҳои хеш зин занед. Он шукӯҳманд, он род, он таҷссумгари дод, балки худ Дод дар роҳ аст! Гирди ман ҳалқа занед. Ман худ паёмовари ин навид ҳастам. Дигар навидан бас аст! Эй такрори такрори такрорҳои пуршукӯҳ, бар аспи сафеди орзуҳо зин занед! Ҳанӯз ки киштзорҳои ҳуррами шумо ба пуррагӣ дастхуши тороҷи малахҳо нагардидааст, ҳанӯз ки тани тавонои шумо аз газанди шабушқо осеб надидааст, бар аспи шукӯҳи орзуҳо зин занед! Дигар як нафас фурсати таъхир нест.
- Ба роҳ!
Табли ҳаракат навохта мешавад. Ҳанӯз ки зулму бедод густариш наёфтааст бояд саркуб шавад, решакан шавад! Амир Исмоил аз дарвозаи Гургон Марвро ба қасди Рай тарк гуфт. Мардуми шаҳр шоҳи Хуросонро бо бардошти дугона гусел карданд. Ва бузургону наҷибзодагон як манзил аз пасаш рафтанд. Амир Исмоил ҳангоми видоъ ба ишон гуфт:
-Зинҳор бо мардуми хеш зулму бедод раво мадоред. Подоши зулм зулм аст!
Тири аз камонҷастаро намешавад пас гирифт. Бигзор ин

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо