Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

хуни ғосибон рангин кардааст ва дар фарҷом бароияшон муқаддас гардидааст ва бо ин бақои миллати моро таъмин сохтааст. Ҳеҷ сарзамине дар таърихи хеш инчунин таҷрибаро надоштааст. Мефаҳмӣ, ҳеҷ кишваре, ҳеҷ миллате! Мо чизеро дорем, ки ҳеҷ ғосиби мо надорад ва ногузир аст онро бипазирад, бар он арҷ ниҳад ва онро барои худ оини зиндагӣ бисозад, муқаддас гардонад. Оё медонӣ, ки ин чист?!

Ҳамӯя: Ин қазия боре ҳам аз хотирам хутур накардааст.
Амир Исмоил: Ман тамоми умр сари ин қазия андешидаам. Ин азимату шукӯҳи гузаштагони ин сарзамин аст. Як гузаштаи ҳамеша ифтихорангез, шукӯҳманд! Ҳоло аз роҳи Деҳистон мегузарем. Фақат як худи ин русто он қадар бузургони таърихи моро додааст, ки ҳеҷ кишвари дигар надода. Ҳар хонадоне, ки дар тӯли ҳазор сол дар ин сарзамин ҳукумат кардаанд ва бо фазлу ақли ботадбири хеш ин сарзаминро муҳташаму азамат бахшидаанд. Имрӯз ҳам аз дудаи ишон касе бояд боқӣ монда бошад. Онҳоро бояд пайдо кард. Онҳо ҳатман дар Табаристон бояд боқӣ монда бошанд.

Ҳамӯя: Нашнидаам.
Амир Исмоил: Испаҳбад Шаҳриёр писари Подусиён ва маликулҷибол Испаҳбад Шарвин писари Рустам ибни Қорун.

Ҳамӯя: Магар ишон дар байъати нашри Дой нестанд? Ва ё Муҳаммади Ҳорун? Гумон намекунам, ки иссёни Муҳаммади Ҳорун дар як майдони холӣ ба вуҷуд омада бошад?

Амир Исмоил: Аз он ҷое, ки ман иттилоъ дорам, миёни Зайдиҳо ва испаҳбадон як халои хусумату душманӣ вуҷуд дорад. Испаҳбад Рустам писари Қорунро, ки маликулҷибол буд, Рофеъ ба ҳила асир гирифт ва тамоми наздиконашро уқубат кард, молу мулкашонро ба зулм гирифт ва худашро ба зиндон партофт, то дар он ҷо фармон ёфт. Имрӯз мулки ишон дар тасарруфи Носири Кабир ва ёрони ӯ қарор дорад. Дигар ин ки тарафдорони Носир, яъне содоти алавӣ тамоми молу мулки наҷибзодагони Табаристонро тасоҳиб шудаанд.

Ҳамӯя: Пас мардуми Табаристон аз вуҷуди эшон хушнуд нестанд?
Амир Исмоил: То андозае ҳамин тавр аст. Содот аз яке

пешина
аз 675
навбатӣ