Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Сусморҳои лавандшуда ҳар чӣ мехоҳанд бияндешанд. Бигзор фикр кунанд ва ҳатман хоҳанд кард, ки амир Исмоил хилофи наси китоби осмонӣ сухан мегӯяд. Вале бурӯз нахоҳанд дод. Медонанд, балки мефаҳманд, ки дигар он замонҳо гузаштааст. Имрӯз маволӣ мулло шудааст. Ин маволӣ аст, ки дигар рамӯзи каломи ишонро шарҳ медиҳад, набудаҳоро меёбад, таҷрибаи таърихии худро ба ишон нисбат медиҳад. Афсӯс, ки дар Марв асилзодае намондааст ва ё аз ишон ҳар кӣ ҷон ба саломат бурд, аз ин диёр фирор намудааст. Ва ё ҳастанду чунон пинҳон шудаанд, ки ба чароғ наметавон ишонро пайдо кард. Сабр кунед, ман шуморо аз ҳафолҳои хеш берун хоҳам кашид! Ва амир Исмоил баногоҳ ба Ҳамӯя ибни Алӣ, ки аз бараш мерафт, мегӯяд:

— Аҷиб аст, дар ишон аз арабӣ чизе намондааст. Ба лаҳни мардуми Хоразм сухан мекунанд!

Ҳамӯя: Аз буқаламуни диёри хеш ирс гирифтаанд.

Амир Исмоил лабханд мезанад, то дергоҳ хомӯш мемонад ва боз бегумон, ба мисли он ки бо худ ҳарф мезада бошад, мегӯяд:

— Баъзан ба худ фикр мекунам, ки он аъробе, ки дар Хуросон, хусусан Бухорову Самарқанд, Марву Нишобур, Балҳу Ҳирот ҷиҳод карданд ва ба қавли расули Худо хусусан дар Бухоро он қадар шаҳид шуданд, ки ба рӯзи растохез аз зери суми аспе ҳафтод ҳазор аламбардор мехезад, куҷо шуданд?

Ҳамӯя: Шаҳид шуданд!

Амир Исмоил: Бояд зиндаҳош дучандон монда бошад. Ту хоҳӣ гуфт, ки боз ба сарзамини Ҳиҷоз баргаштанд? Вале ин тавр нест. Аз рӯзи аввали истилошон ба ишон ваъдаи кишварҳои обод медоданд ва ишон дар ин сарзаминҳо дунболи биҳишти мавъуд мегаштанд. Ҳеҷ имкон надорад, ки онҳо ин биҳиштро бигзоранду биёбони беобугиёро авло бишморанд.

Ҳамӯя: Он қадар бурданд, ки метавон биёбонро бӯстон гардонд.

Амир Исмоил: Ин тавр нест. Ғаризаи одамӣ ҳамеша осоиш меҷӯяд. Юнониҳо низ дар ин паҳноҳои ободу хуррам гум шудаанд ва ё ифтихор аз ин сарзамин кардаанд. Юнониҳо аз арабҳо хубтар набуданд. Балки арабҳо таҷрибаи ишонро такрор карданд. Ин сарзамин ҳамеша худро бо

пешина
аз 675
навбатӣ