Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
буд, дар ришу мӯйи муҷааду бураш сафедӣ давида, чашмони бузургу сабзгунаш аз меҳнати бехобиву сафарҳои дароз хаста гардида, мижгонҳои дароз-дарозаш бар пилкҳояш гаронӣ карда, сари китфии дарозе ба ранги сурх бар тан пӯшида дошт. Шоҳаншоҳе ки аз рӯъёи таърих берун омада. Дигар Ҳакими бузург маҷзубу мехкуб шуда буд. Боваркарданӣ набуд: шоҳи Хуросон, Ғозии бузург ба дидори ӯ омадааст! Назди ӯ омадааст! Зиёрати ӯ омадааст! Ҳеҷ гаҳ чунин набудааст! Ӯро доим паи ҳоҷати хеш ба кӯшко бурдаанд, ба дидори хеш сарафроз гардондаанд, ба зиёрати хеш мушарраф сохтаанд! Ӯ барои ишон фақат пизишк будааст. Вале ин лаҳзаҳо намедонад бо шоҳи Хуросон чӣ тарз муносибат кунад. Агар худ амир Исмоил иқдом ба суҳбат намекард, Ҳакими бузург ҳамчунон лолу карахт ба як ҷой мехкуб меистод.
Амир Исмоил: Басо орзуманд будам, ки ба хизмати шумо бирасам. Худованд ин рӯзи саодатмандро бар ман насиб гардонд.
Розӣ: Барои ман шарафи бузург аст, ки... шоҳи Хуросонро дар вайронаи хеш қабул мекунам. Нури дида...
Амир Исмоил: Устоди бузургвор маъзарат металабам, ки зоеи вақти қимати ишон шудем. Вале шавку иштиёқи дидорашон зӯртар аз мо буд. Ҳама роҳҳои Рай моро ба ин кошона мекашиданд.
Розӣ: Боиси сарафрозии ман аст...
Дигар амир Исмоил ба як ҷавони камтаҷрибае табдил ёфта буд, ки ҳалаёни эҳсосот ӯро бо худ мебурд. Ва чун навомузе берабт дасту по мезад, то аз ин ноҳинҷориву худгумӣ раҳо ёбад.
Розӣ: Чаро ин ҷо истодаем, бифармоед, хуш омадед, нури дида...
Амир Исмоил: Шуморо аз коратон боз доштан гуноҳ аст. Ба вақти муносиб. Ба вақти фароғати устод ба шарафёбии дидорашон хоҳем омад, вале ҳоло паи маъмурияташон бошанд. Маризон ба шумо бештар зарурат доранд...
Розӣ: Ҳама умри ман фидои сари шоҳам бод, андешае дар хусуси ман ба хотир масупоред. Бифармоед...
Амир Исмоил: Ман аз устод пурсиданиҳо бисёр дорам ва метарсам суҳбатамон ба дарозо кашад.
Розӣ: Агарчӣ ба дарозои умр бошад, нагузорам ки биравед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо