Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Амир Исмоил ҳамроҳонашро пайи фуруд овардани лашкар бифиристод ва худ танҳо ба танҳо бо Муҳаммад Закариёи Розӣ бимонд. Онҳо то дергоҳ бо ҳам дар хусуси оламу одам, моҳияти офариниш, ҳақиқати адён, расолати инсон, шинохти худованд, инсон ва шайтон, хуллас он чӣ ақли кунҷкови амир Исмоилро ором намегузошт, сӯҳбат карданд. Ҳакими бузург дар матраҳ сохтани масъалаҳо, баровардани хулосаҳо, посухи суолоте, ки инсонро ба ваҳму тардид меовард, густоху немуросо буд. Риндона сухан мегуфт ва одаму ҳавоҳои ӯро ба боди масқара мекашид. Ҳама пурсишҳоро посух дошт муттақӣ бар таҷрибаву илму мантиқ. Ҳама бадгӯйҳо дар ҳаққи ӯ аз ҳасад бурдан аз ақли берози ӯ буд. Сӯҳбати ишон ҳар чанд тӯл мекашид ишқу эҳтироми амир Исмоил ба ӯ зиёда мешуд. Дигар ӯ маҷзуб шуда буд. Дигар ӯ фаҳмида буд, ки олам як роҳи беохир дар такомулу пешрафт аст, ки ҳеҷ касеву ҳеҷ қавмеву ҳеҷ миллате аз якдигар бартарӣ надоранд. Бартари додани як касе, як қавме ва ё як миллате бар дигареро маҳсули хаёли касал аст, ки инсонро аз такомул боз медорад...

Амир Исмоил: Аз Шимо дар масъалаи нубуват ва эъҷози пайамбарон бад мегӯянд.

Розӣ: Шоҳам омадаанд, ки маро қазоват кунанд ва ҳукмамро...

Амир Исмоил: Ҳаргиз чунин нияте надоштам, фақат аз забони худи шумо фаҳмидан мехостам.

Розӣ: Аз куҷо мардум бар худ воҷиб донистанд, ки худо қавмеро ба нубуват ихтисос диҳад ва қавми дигарро аз ин фазилат маҳрум созад? Ва касонеро ки ихтисос ба нубуват дод, бар мардум бартарӣ ниҳад ва раҳнамои дигар халқҳо кунад ва мардумро бар онон ниёзманд созад?! Худованд ҳамаи бандагони хешро баробар офаридааст ва ҳеҷ кадомеро бар дигаре бартарӣ надодааст! Ҳама дар як масиранд пешу қафо ба сӯи такомул. Мӯъҷизоти мутанабиён низ чизе ҷуз худъаву найрангу фиреб нест ва ғолиби онҳо аз мақулаи афсонаҳои динӣ аст, ки баъд аз худи онон падид омадааст. Ва мабониву усули динҳо, хусусан адёни сомӣ бо ҳакоиқ мухолифату муғойират дорад. Ҳамин сабаб аст, ки миёни онҳо ихтилофу таноқиз дида мешавад..

Амир Исмоил: Пас чаро мардум аз онҳо пайравӣ мекунанд?

пешина
аз 675
навбатӣ