Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
бузург нимравшану нимторик буд. Ҳанӯз ба таври комил он чӣ аз ин сӯҳбат чашмдор буд, қонеъ набуд. Балки ӯро мутазалзил сохта, дубунагиро дар эътиқодоташ амиқтар бурда буд. Дигар барои ҳар бунааш далелҳои қотеъе ҳосил карда буд.
Ҳавлии бемористон аз бӯи гулу райҳон оганда буд. Онҳо аз роҳрави сангфаршу покиза хомӯшона ба сӯи дарвоза мерафтанд.
Амир Исмоил: Саргарми масъалаҳои рӯҳонӣ гардида, фаромӯш кардаам аз ҳолу аҳвол, кору борашон ҷӯё шавам.
Розӣ: Ҳама зиндагии ман ҳамон аст, ки бо шоҳам арза фармудам.
Амир Исмоил: Ташкили чунин бемористоне хеле писандида аст. Ҳавасе дар дилам шӯъла зад, ки кош ба ҳар шаҳре, ба ҳар деҳе ҳамчунин бемористоне месохтем. Фақат миллати солим ба як зиндагии фараҳмандонаву комиле қодир буда метавонад.
Розӣ: Кори мушкиле нест. Миллатро бояд тарбият кард, ба илму дониш одат дод. Он гоҳ мешавад дар матни чунин ҷомеаи тарбиятёфта ҳама орзуҳоро бароварда сохт. Дар ин мақсад ба шоҳам тавфиқ мехоҳем.
Амир Исмоил: Ин корро аз ташриф овардани шумо ба Бухоро оғоз хоҳем кард. Ман бисёр мехоҳам, ки шумо ба Бухоро оед.
Розӣ: Ё насиб.
Амир Исмоил: Пас бо шумо видоъ намекунем. То дар ин ҷо буданам, ба хизмати шумо хоҳам расид. Паноҳ ба худо, то дидан.
Розӣ: Паноҳ ба худо, то дидан...
Амир Исмоил бо аҳли риқобаш дар паси кӯчаҳои тангу тори шаҳри Рай ғайб мезанад. Муҳаммад Закариёи Розӣ бо диле шодмона ба бемористон бармегардад. Ӯ солҳо буд ҳамчунин ёри ҳамсӯҳбате наёфта буд, ки қаноатманд шавад. Амир Исмоил он касе буд, ки ҳакими бузург тамоми умр дар талабаш буд, Ӯро мехост. Э кош, ҳар инсоне Исмоиле мешуд! Он гоҳ мебуд, ки ин маошхӯрони даргоҳи Худованд аз минбарҳо меуфтоданд. Он гоҳ мебуд, ки ҷангҳо қатъ мешуданд, он гоҳ мебуд, ки инсонҳо бо ақли баланд аз ишқ ба Худованди арҷманду боҷалол қурбат меёфтанд. Он гоҳ мебуд, ки Ҷамшед ба сарири хеш менишаст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо