Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Розӣ: Иллати эътимоду эътиқоди мардум ба адён, итоат аз пешвоёни мазҳабӣ танҳо одат аст. Адёну мазоҳиб иллати асосии ҷангҳо ва мухолифат бо андешаҳои фалсафӣ ва пажӯҳишҳои илмӣ мебошанд.
Амир Исмоил: Пас Шумо китобҳои осмониро инкор мекунед?
Розӣ: Ҳамин тавр аст. Осори кудамо монанди Афлотуну Арасту Уклидусу Букрот хизмати муҳимтар ва муфидтаре ба башар карда метавонад.
Амир Исмоил: Фарз кардем, башар ин чизҳоро тард кард? пас чӣ чизе, ё омиле ё қудрате метавонад дар роҳи таомулаш ӯро пеш барад?
Розӣ: Одат. Одат лаёқати онро дорад, ки бо тамрин ҳар мушкилеро осон ва ҳар амри ғариберо ошно созад. Ва ин ҳол чӣ дар боби умури нафсонӣ ва чӣ дар мавриди умури ҷисмонӣ, ҳарду содиқ аст.
Амир Исмоил: Пас дар ҳисоби занодиқ шумурдани шумо аз ин ҷо манша мегирад?
Розӣ: Тӯҳмат аст. Ман аз ҳар гуна ранҷ расондан иҷтиноб меварзам. Ин ҳукм ҳам шомили ҷузъиёти касир аст, ки ақл онҳоро пазируфтан натавонад, мисли амали мардуми Ҳинд дар сӯхтани аҷсоди худ ва афкандани хеш бар оташи сӯзон ба қасди такарруб ёфтан ба худо ва равиши монавия дар буридани нафси худ ҳар гоҳ ки хотир ба ҷимоъ майл кунад ва одат додани хеш ба гуруснагиву ташнагӣ ва иҷтиноб аз истеъмоли об дар шустушӯй ва ба кор бурдани бавл ба ҷои он... Таҳмили ранҷ бар нуфуси муҳаррик ғазаби илоҳист! Ман бар онам ки чун парвардигори арҷманду боҷалол олимест, ки ҷаҳл дар ӯ роҳ надорад ва одилест, ки оламаш аз ҷавр холист. Ва илму адлу раҳматаш барзиёдатист ва холику молики мост. Ва мо бандагони ҳалқабагӯши ӯем ва маҳбубтарин бандагонаш сазовори дӯстдории худи он аст, ки беҳтар бар сирати банда равад ва мутеътар фармони ӯро ба кор бандад. Пас наздиктарин бандагон ба худои арҷманду боҷалол донотарину одилтарин ва раҳмтарину меҳрубонтарини онон аст... Аз худованд ки бахшандаи ақлу кушояндаи ғами ваҳм аст, тавфику ёрӣ металабем, то моро бар он чӣ хости ӯст бидорад ва бо он чӣ сабаби наздикшавӣ ба ӯст, ҳидоят фармояд.
Амир Исмоил вақте аз бемористон берун омад, рӯз шом хӯрда буд ва ҷаҳон ба мисли бардошташ аз баҳс бо Ҳакими

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо