Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Он рӯз аст, ки тамоми даъвоҳои шуморо ботил месозад. Он рӯз буд, ки шуморо халқӣ қудрат кард. Дар он рӯз ҳар он чиро ки аз писари Тоҳир ба тагаллуб соҳиб шуда бу-дед, аз даст додед. Ту набояст ба сӯи Форс лашкар мека-шидӣ. Ту роҳ ба бероҳа рафтаӣ. Даъвии ту фақат бо Бухо-рост; Имрӯз даъвои ту ба Бағдод бепоя аст, зеро вақте ки қасди Бухоро кардед, Бағдод дар паси шумо буд. Ҳар чиз ки ба тазаллум ҳосил мешавад, боз ба тазаллум аз даст меравад. Ҳон!

Ин мулкро, ки дар он ҳукумат меронӣ, мадюни касе бош ки ба лаҳзаи зарурӣ қадраш надонистӣ, ҳатто ба як ҷав арзиш нагузоштӣ. Он замон ки Баҳн интизори туро ме-кашид, то аз банди сарбозони халифа раҳояш кунӣ, куҷо будӣ? Си рӯз ба роҳ буд. Ҳеҷ кас андар ҳама Хуросону Сиистон нагуфт, ки Амр худ ҳаст? Ту имрӯз муддаӣ шу-дай? Ё аз ҳукми фардо тарсидӣ? Шумо фурсатро ҳанӯз ба Балх андар аз даст дода бубед. Ҳанӯз ки мулки Нимрӯз дорӣ, туфайли хоҳишу васияти ҷадди хеш дорӣ ба замона-ти зинҳор маро! Эй кош, ӯ медонист!.. Дигар дар ин сарза-мини паҳновар - аз Ирақу Нимрӯзу Табаристону Гургону Хуросон то Туркистони Чин ҳаққи даъво марост, ҳаққи пурсиш марост... Имрӯз ҳаққи мардуми ин сарзаминро даъвогар манам. Ман даъво мекунам! Ва намегузорам, касе ба тазаллум моли мардум барад, бар мардум меҳнат афзо-яд. Ба ду ҷаҳон посухгӯи ин кишвар манам. Ҳанӯз ки фит-на доман паҳн накардааст, ҳамди худой ба ҷой биёвар ва ба мақарри хеш баргард. Ман ҳанӯз намехоҳам, ки заводи оли Саффор ба дасти ман бошад, он чунон ки заводи дав-лати оли Тоҳир ба дасти шумо шуд! Дар акси ҳол, заводи шумо ба дасти худи шумо хоҳад буд! Вассалом!..”

Амир Исмоил номаро барои сарони сипоҳ ва куззоти ҳамроҳаш хонд. Нома дар ҳақиқат хашмолуд ва таҳқиро-мез буд.

Амир Исмоил: Ҳарчанд хостам лаҳни номаро нармтар созам, вале бешарафии Тоҳир монеи ин амр мешуд. Ҳеҷ гап не, гоҳ аз гоҳ ин тифлонро гӯшмол додан зарур аст. Вале ман гумон намекунам, ки ӯ гапшунаву пандгир бо-шад. Бинобар ин дар баробари нома сипоҳе низ мебояд ба Форс ирсол кард. То напиндорад, ки сухани мо фақат аз сиёсат иборат мебошад.

Бояд ӯ ҳис кунад, ки дар паси сухани мо на танҳо сиёсат, балки ҳамчунон қудрат низ вуҷуд дорад. Он гоҳ аст, ки

пешина
аз 675
навбатӣ