Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
сухани мо ба замин нахоҳад расид.
Ҳамуя: Хеле ба маврид хоҳад буд, зеро ҳанӯз зарбати шамшери сипоҳи мо дар димогашон боқист, гумон намекунам, ки ҷуръати рӯёрӯ шудан бо сипоҳи моро кунанд. Сониян, Тоҳир худ нағз эҳсос мекунад, ки бо даргири ҷанг шудан охирин пойгоҳи қудраташро ҳам аз даст хоҳад дод. Солисан, ӯ гумон намебурд, ки дар ин амр шоҳам даҳолат хоҳанд кард...
Аҳмади Саҳл: Аз лашкаркашии Тоҳир ибни Муҳаммад ба Форс доии Дайлам огоҳ буд.
Амир Исмоил: Аз куҷо медонӣ?
Аҳмади Саҳл: Муҳаммади Ҳорунро аз хуруҷи ӯ дар Ироқ ва муборизоти дарбории Абӯсоҷ бо бародараш Юсуф дар Арманистон дилпур карда буданд.
Амир Исмоил: Аҷаб нест... Пас Ҳорун ором нахоҳад гирифт... Беҳуда... Худованд эшонро огоҳ кардааст: Ва ло тулку биайдикум ила-т-таҳлукати, яъне: Худро ба дасти хеш ба нобудӣ накашонед.
Мебоист ӯро то ба охир таъқиб кардан, ваҷаб ба ваҷаб ҷангалистони Дайламро поксозӣ кардан, шаҳҳои касногузарро, ки сипоҳи шикастхӯрдаи доиву Ҳорун паноҳ бурдаанд, ба хок ҳамвор кардан!.. Мебоист ин ҷангалистони анбӯҳро бо шеру паланграш ба коми оташ кашид, эшонро ба интиҳои орзуҳошон, ба фаросӯи хостҳошон, ки намеди хоҳад буд, расонид...
Амир Исмоил (ба Ҳамуя ибни Алӣ): Имрӯз нафақаи саворанизомро бипардозед, то субҳгоҳон ба роҳ барояд. Аҳмад ибни Саҳли Моҳон ба фармондеҳии он таъин карда шавад. Ҳар ошӯб дар нутфааш бояд нобуд гардад!..
Рӯзи дигар субҳгоҳон пеш аз ба роҳ баромадан, амир Исмоил аз назди сафи сарбозони савора гузашт. Бору бунаву силоҳи эшонро аз назар гузаронд.
Амир Исмоил: Шумо ба ҳар ҷо ки мерасед, бояд оварандаи осоишу оромӣ бошед, то мардум аз шумо ба меҳр истиқбол кунанд. Шумо дар кишвари худ амал мекунед, бо мардуми хеш аз рӯи инсофу адолат муносибат кунед, то онҳо ба як зиндагии ободу созанда дилгарм шаванд. Дар ин кор ҳеҷ чиз ба мисли ахлоқи ҳамидаи сипоҳиён муассиртар воқеъ намегардад. Худо нигоҳ дорад аз “он рӯзе ки бародар аз бародар фирор мекунад. Одил бошед, ки “адли яксоата беҳ аз ибодати ҳафтодсола” гуфтаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо