Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
чунин хоҳад буд! Дой ба инзивои хеш мехазад. Ва Аҳмад муҷиби хашми падар мешавад. Даъво карда бошӣ?! Бегонае натавонад кори ту кардан! Гар мекунад ба иғроз мекунад!
Ҳанӯз ин роҳ ба поёни талошу ҷиҳод нарасидааст!.. Ҳанӯз Баҳром дар роҳ аст...
Ҳанӯз Сарв дар ҷавона аст...
Ҳанӯз Шери шукӯҳ дар ғурриш аст...
Ҳанӯз Симурги орзу дар гардиш аст...
Ҳанӯз Аспи Сафеди қудрат дар давидан аст...
Ҳанӯз ин сарзамин дар интизори Мавъуди хеш сурудхон аст:
КАЙ БУВАД КИ ОЯД
ПАЙКЕ АЗ ҲИНДУГОН.
КИ ОМАД ОН ШАҲ БАҲРОМ
АЗ ДУДАИ КАЁН.
КИ ПИЛ АСТ ҲАЗОР
БАР САР АСТ ПИЛБОН
КИ ОРОСТА ДИРАФШ ДОРАД
БА ОИНИ ХУСРАВОН...
Ҳанӯз ин роҳ ба поёни талошу ҷиҳод нарасидааст. Ҳанӯз Яъҷуҷ даҷҷолзост.
- Ин роҳи талошу ҷиҳод манам, ки то ба шумо имтидод хоҳад ёфт! Ҳар чиз ба аслӣ хеш бармегардад! То абад ҳамчунин хоҳад буд, хон!..

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо