Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

пиру хирадманд аст, аз ҷой мехезад, таъзим мекунад.

Исмоили Хаворичӣ: Амри худойрост. Дар дақиқаҳои аввал боиси мазоҳимати шоҳам шудан аз рӯйи одоб нест. Бигзор имрӯз амирам фароғат кунанд, то фардо худо чӣ фармояд.

Амир Исмоил бо Фазли Марвазӣ ва бародараш аз толор берун меравад, дар роҳрав аз рӯ ба рӯяшон ғуломи шоҳ Ашнас мебарояд ва амир Исмоил хаставу аламолуд мегӯяд: “Ба ин бӯзина, ки худро чун занони саройӣ оростааст, чун бовар мекунӣ!?” Ашнас дар ивази суханони амир даҳонашро то баногӯш медаронад ва чунон менамоёнад, ки гӯё шоири бузурге мадеҳаш гуфта бошад.

Дар охири раҳрав онҳо ба ҳуҷраи зебое ворид мешаванд ва худро болои тахтҳо мепартоянд.

Субҳ

Зардии хуршед дар уфуқ пайдо меояд. Боғҳо пур аз суруди мурғони хушилхон мешаванд. Амир аз ҷойнамоз хеста, ба саҳни ҳавлии коҳ мебарояд. Ҳавои боғ тозаву рӯҳафзост. Аз ҷӯйи обе, ки боғро шодоб месозад, садои хуши об меояд. Обе, ки ба мисли булӯр шаффоф аст. Амир Исмоил даруни боғ тани танҳо сайр мекунад. Дере нагузашта, Ашнас пайдо мешавад.

Амир Исмоил: Аспиҳоро барои сайд омода кунанд. Ба устод Абулфазл ва Аҳмад бинни Муҳаммад бирасон, ки мо бояд аз шаҳру касабаҳо дидан кунем, бо мардум шинос шавем... Бирав.

Ғулом меравад. Амир Исмоил ба сари ҳавз меояд. Дилаш танг аст. Боғ хурраму зебост, вале оҳу надорад. Лаҳзае боғи коҳи Самарқанд ва оҳуву фарзандашро ба ёд меорад...

Фазл бинни Муҳаммади Марвазӣ ба боғ мебарояд.

Амир Исмоил: Имрӯз ҳамчун қозӣ шумо сафари маро ҳамроҳӣ мекунед. Мо бояд мулки худро донем. (Ба Ашнас) Хоҷа Абилҳафс ва Фақеҳ Исмоили Хаворичиро огоҳ кунед, ки бо мо ҳамроҳ шаванд.

Фазл: Магар шикояте расидааст?

Амир Исмоил: Магар шарт аст? Масъалае пайдо шавад, бояд дар ҷой фавран қазоват ёбад. Ба фардо гузоштани корро дӯст намедорам.

пешина
аз 675
навбатӣ