Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Аҳмад бинни Муҳаммад низ ҳозир мешавад. Амир Исмоил ба ӯ муроҷиат мекунад.
Амир Исмоил: Даҳ нафар аз сарбозонро бо худ бигиред. Имрӯз бо худи шаҳр шинос мешавем ва бо мардум во мехӯрем. Вақти зиёде мегузарад, ба гумонам, касе ба доди мардум нарасидааст. Вазифаи мо ҳақро ба ҳақдораш расондан аст...
Фазл: Сайри худро аз бинои Арки Бухоро, ки ба ҳама шавоҳид онро Сиёвуш писари Кайковус бино кардааст ва аз аҷобаташ ин аст, ки ҳеҷ подшоҳе андаруни он намур-дааст ва ё дар ҷанге шикаст нахӯрдааст. Ҳамин, ки қазо расид, подшоҳ ба сабабе аз қаср берун мерафт ва дар дигар ҷой мемурд.
Амир Исмоил: Чӣ, шумо гуфтан мехоҳед, ки мо дигар ҳаргиз аз он берун наоем? (Ҳама механданд).
Абилҳафс: Дирӯз мо аз дари Ғуриён ба арк ворид шу-дем, имрӯз аз дари Регистон хориҷ мешавем.
Амир Исмоил: Устод дирӯз ба мо нагуфтанд, ки дар маҳалли дарвозаи Ғуриён шоҳ Сиёвуш дафн шудааст. Мо ҳам суннати мардуми Бухороро риоят менамудем. Охир, Сиёвуш ҷадд бар ҷадди моёнро ҷадди бузург аст. Мо аз масъулияту ақлу тадбири ӯ фахр дорем.
Абилҳафс: Банда гунаҳкорам.
Амир Исмоил: Ман сахт пойбанду дилбастаи суннатҳои гузаштаи мардуми хеш ҳастам. Мо бояд ба ҳеҷ ваҷҳ нагузорем, ки фаромӯш шаванд. Ба онҳо тобишҳои исломӣ додан зарур аст... Ҳайф аст, чунин шукуфаҳои ақлу зако-вати мардум аз байн биравад.
Абилҳафс: Он чӣ амирам хостанд, мардуми Бухоро ба рӯзи Наврӯз кунанд. Ба рӯзи аввал хурӯс қурбон меку-нанд ва тамоми рӯз ба маросим мепардозанд, ки бо номи Сӯги Сиёвушон машҳур аст.
Амир Исмоил: Дар бораи ин маросим бисёрҳо шунида-ам ва онро дидан мехоҳам.
Абилҳафс: Худо агар хоҳад, амирам ба вақташ онро хо-ҳанд дид...
Онҳо аз бари зиндон, манзили амирону вазирон ва сарҳангҳо ва девонҳо мегузаранд. Ба саройи Регистон мерасанд, ки ҳар омилеро девоне бар сарой буд.
Амир Исмоил: Бар дари ин саройи шоҳӣ бояд девонҳое аз қабили девони вазир, девони муставфӣ, девони шараф,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё