Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
баранд, асолататонро ночиз гардонанд, фахру ғурури озодагитонро поймол созанд. Кӣ кафолат медиҳад, ки бо шумо чунин намекунанд? Ин навдавлатони пойлуч барои расидан ба ғаразҳои нопоки хеш аз ҳеҷ чиз даст намекашанд. Магар шумо пай набурдед, ки онҳо омадани манеро интизор буданд. Аз аввалин дақиқаҳо мо ҳамдигарро шӯнохтем. Онҳо манро қабул надоранд ва ман ҳукумате надорам, ки иродаи худро бар онҳо бикабулом. Онҳо аз ман уммати ислом сохтан мехоҳанд. Алҳамдулиллоҳ, ман мусалмонам, вале эронӣ, аз нажоди озодагон. Вале онҳо мехоҳанд ман сари як дастурхон бо як шабушкҳору бо як малахҳор биншинам. Сохтани уммати ислом як ниёз аст. Шояд ниёзи башар аст. Вале инҳо онро барои бардасозӣ истифода мебаранд. Магар ин тавр нест? Пас чаро ғозиёни аввали ислом, ҳамин ки ба кишварҳои Эрому Миср даромаданд, дар баробари сарвату дороии ишон ин ҳадафи худро фаромӯш карданд?!! Барои ба ин ниёз расидан ҳанӯз башар камол наёфтааст. Магар Зардушт намедонист? Магар Монӣ намедонист? Магар Буддо намедонист? Магар Исо намедонист? Медонистанд. Ва барои ҳамин ҳам фақат қавми худро баргузидаи афкори хеш карданд. Мо медонем, Монӣ ҳадафи башарро як уммат сохтан дошт. Вале кораш ба куҷо анҷомид? Агар мо мехоҳем уммати ислом созем, бояд мардуми худро барои расидан ба ин ҳадаф тарбият намоем. Вале афсӯс...
Амир Исмоил нафастанг мешавад ва банди дилашро мекушояд ва бо дард оҳ мекашад. Ёронаш хомӯш бо сарҳои ҳам мондаанд. Ӯ ба ҳар кадом менигарад ва бо ғашу чидол аз ҷояш часта мехезад ва саҳни ҳуҷраро пасу пеш қадам мезанад.
Амир Исмоил: Ман барои ин эътирозот ҳукумат надорам, ман фақат як омилам, омили хироҷ. Онҳо низ ин вазъи маро хеле хуб медонанд. Онҳо минбарашонро аз тахти амир ҳам гоҳо боло бурдаанд. Аз ман тозиёна мехоҳанд ва ман онро надорам... Ман наметавонам. Ин дархӯри хӯйи ман нест. Рустами Фаррухзод дуруст гуфта буд. Дарего, ки инсон пандпазир нест. (Пас аз хомӯшии дурудароз). Мо рисолати худро иҷро кардем. Дигар ин ҷо монданам на ба нафъи ман аст. Ман намехоҳам иттиҳоми осигарӣ бар гардан гирам. Аз ман наметавонанд хомкалла бисозанд. Бас аст!... Фардо бармегардам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё