Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Ҳам аз рафтори мо хушашон намеояд?

Яҳё: Ҳамаро амирам доранд. Худо макунод, мо уқда бар дил гирем.

Аҳмади Лайс: Алҳақ, ҳамин тавр аст.

Амир Исмоил: Пас шумо чун сабӯи тиҳӣ андаруни хеш чизе надоред? Ман шуморо бо худ ба он қасд гирифтаам, ки дар масоиле, ки пеш меояд, бо ман машварат кунед.
Бисёр хуб. Ин турки бадбахт чаро хаёл мекунад?.. Пас шумо тайи ин рӯзҳо чизеро пай набурдаед. Бисёр хуб...

Ашнас лаълие бар сар бо нозу ишваи занона ва ҳатто пероҳани занона ворид мешавад. Аз чунин сурати музҳик гирифтани ӯ онҳо ба ханда меоянд ва амир Исмоил боз хашмгинтар мешавад.

Амир Исмоил: Бирав, дафъ шав, беасли бемағз!

Ашнас бо ҳарос, вале бо ҳамон ишвафурӯшӣ ба ароз баромада меравад. Амир Исмоил суханашро идома медиҳад:
Ман дар чӣ ҳаёлу? (Кӯзаро ба даст мегирад ва дар пиёлаҳо мерезад ва пиёлаи худро бардошта) Нӯш бод. (ёронаш хомӯшона пиёлаҳои худро мегиранд ва ба тардид менӯшанд). Пас, чизеро пай набурдаед? Бухоро дар дасти соҳибони хеш нест.
Ва онро ба эшон баргардониданӣ ҳам нестанд. Вақте, ки ман бо деҳқонзодагони асили Бухоро сӯҳбат мекардам ва аз онҳо розу ниёзашонро мепурсидам, дар чеҳраи ин ҷанобон хашму эътироз пайдо мешуд. Магар он пири мугонро надилед, ҳис накардед? Он қадар бимаш додаанд, ки ҷуръати чугидан надошт. Ӯ дар диёри худ бегона аст, ғариб аст.
Ӯ ҳам метавонист ба мисли дигарон худро аз ин меҳнат бираҳонад ва нагузорад, ки ким-кадом як Абулҳафс ҷойи ӯро бигирад. Ин монанд ба қиссаи Иблису Одам аст. Шайтон қиблаашро дигар накард, Худоро ду накард, мардуд шуд. Шумо гумон намекунед, ки ин шайтон қиссаи бофтаву тофтаи ин қабил Абулҳафсҳост. Инҳо бидъатро асл гирифтаанд ва дар ҷабини поқу беолоиши онҳо тамғаи бидъату куфр мезананд. Ин пирамард ва табораш қиблаашонро барои манфиатҳои шахсии худ дигар накарданд. Чӣ фарқ дорад, худованди яккаву ягонаро Аллоҳ мегӯӣ ё Аҳурамаздо? Ин ҷо як ҷуҳулбозии азалист, манфиатчӯй!
Шайтон аз нахустин қурбонии ин манфиатчӯист, то тамоми разолати хешро бо номи вай содир кунанд. Ҳатто худованди азза ва ҷаллро тарафи худ гардонидаанд. Чаро гумон мекунед, ки фардо бо шумо чунин накунанд, яъне хайсиятатонро

пешина
аз 675
навбатӣ