Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷавону пир, духтару писар ба истиқболи амир Исмоил баромадаанд. Амир Исмоил бо ҳайрат ба Хоҷаи Бузург менигарад.

Балъамӣ: Амирам фармуданд, ки то як муддат шуморо дар саройи шаҳр фуруд оварем.

Амир Исмоил: (Парешонҳолона, гумонбар аз як пешомади ногувору номаълуме. Қариб, ки дар оҳанги суханаш тарсу ҳарос эҳсос мешавад). Чаро?!.

Касе ба ин пурсиш ҷавоб намедиҳад. Амир Исмоил ҳамчунон ба чеҳраи Хоҷаи Бузург менигарад, вале ӯ нигоҳашро аз амир Исмоил мӯгурезонад. Симо-ал-Кабир низ ҳамчунин рафтор менамояд.

Амир Исмоил: Пас амирам аз омадани ман нохушнуданд...

Амир Исмоил дигар ба ҳамрикобонаш эътибор надода ба истиқболгирандагонаш “салом” медиҳад, дар баробари мӯйсафедон аз рӯйи зин нимхез шуда таъзим менамояд. Ба ҳамин минвол ба дари саройи шаҳр мерасанд ва паси дарҳои он нопадид мешаванд.

Яке аз ҳуҷраҳои сарой

Абулфазли Балъамӣ ва Симо-ал-Кабир нишастаанд. Ғуломон ба густурдани дастурхон машғуланд.

Балъамӣ (Ба ғуломе): Амир Исмоил таъхир мекунанд?

Ғулом: Ишон ғубори роҳ мешӯянд. Дам ба дам меоянд.

Балъамӣ: Шояд дигар вақт биёем.

Ғулом: Ишон хоҳиш карданд, ки омаданашонро интизор бошанд.

Ғулом ба пиёлаҳо шарбат мерезад ва таоруф карда, баромада меравад. Пас аз чанд лаҳзаи дигар амир Исмоил вориди ҳуҷра мешавад. Меҳмонон ба пешвози ӯ аз ҷойҳояшон мехезанд.

Амир Исмоил: Бифармоед. Барои маътал кардан аз эшон узр мехоҳам. Роҳ вазнин буд. Ғубораш ҳам шуста шуд. Акнун метавонем бо фароғату осуда сӯҳбат кунем.

Меҳмонон ба ҷойҳои хеш мешинанд. Амир Исмоил пиёлаҳои ишонро аз шарбат пур мекунад.

Амир Исмоил: Шояд талхтараш? Шароб хастагиҳоро мебарад. Мо бояд хастагиҳоямонро рафъ намоем: шумо хастагии

пешина
аз 675
навбатӣ