Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Амир Исмоил: Умедворам, то андозае ба эшон сабаби омаданамро фаҳмонда бошам. Дар акси ҳол тафсилотам боиси шоиоте хоҳад шуд.
Балъамӣ: Амирам хотирҷамъ бошанд. Иншооллоҳ хуб мешавад...
Онҳо баромада мераванд. Амир Исмоил танҳо мемонад.
Қасри шоҳ
Амир Исмоил бесаброна, вале бо чеҳраи гирифтаву бо хаёле мушавваш пасу пеш қадам мезанад. Ҳоҷиб вориди толор мешавад ва амир Исмоил ба сӯяш чанд гом бармедорад.
Амир Исмоил: Ба амирам бирасонед, ки ман интизори бор ёфтан ҳастам. Шояд Хоҷаи Бузург хоҳиши бор ёфтанамро фаромӯш кардаанд. Хеле вақт гузашт.
Ҳоҷиб таъзим мекунад ва ба толори боргоҳ ворид мешавад. Ҳозирон ба сӯйи ӯ менигаранд. Ӯ пас аз адои маросими одоби дарбор ба амир Наср рӯ меорад.
Ҳоҷиб: Амирам, амир Исмоил бор мехоҳанд.
Наср: (Ба сӯйи Балъамӣ). Ҳанӯз ӯ инҷост? Бигӯед, ман ӯро дидан намехоҳам.
Балъамӣ: Амирам...
Наср: Хайр, тарзе ба ӯ фаҳмонед, ки дӯст душман нашавад. Имрӯз рӯзи бор ёфтан нест ва хоказо. Соҳибшуртаи Самарқанд ба номи ӯ гардонед ва Муҳаммад бинни Умарро халифааш таъин намоед. Дар ҳаққи ӯ аз ин зиёда коре бароварда нест.
Ба Абузакриё Яҳё нома нависед ва таъкид кунед, ки бо Абилҳафси Сағир мадоро кунад ва дар ҳар амале бо ӯ мушовират намояд. Ҳамчунин ба фақеҳи бузург нома нависед ва иродати моро нисбат ба эшон иброз доред ва хоҳиш намоед, ки дар назму оромиши вилояти Бухоро ба бародари мо аз ҳеҷ кӯмаке дареғ надоранд.
Абулфазли Балъамӣ ва ҳоҷиб ба амир таъзим карда аз боргоҳ мебароянд. Амир Исмоил дар назди панҷара ба сӯйи чорбоғи қаср менигарист. Аз пайдо шудани Балъамиву ҳоҷиб ба худ омада чанд гоме ба пешвози онҳо бармедорад. Ва саволомез ба эшон менигарад.
Балъамӣ: Амирам ба сабаби зиёдатии умури давлатӣ ба шумо бор дода наметавонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё