Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Амир Исмоил: Пас амирам бар ман хашм гирифтаанд. Чаро ончунон, ки ба шумо гуфтам...
Балъамӣ: Худо шоҳид, бо тафсил гуфтаи шуморо ба амирам расонидам... Зиёда аз он, боз Симо-ал-Кабир дар миёна даромад.
Амир Исмоил: Пас чаро амир бар ман хашм гирифтаанд? Ва ё қазияи дигаре дар миён асту ман аз он бехабарам?
Балъамӣ: Аз он ҷое, ки ман медонаму мебинам, муносибати шоҳам ба шумо аз серкорист. Дигараш барои ман торик аст. Шумо сабр кунед.
Амир Исмоил бо хашм аз қаср бадар мешавад ва дар чорбоғи хуррам бемуродона гардиш мекунад. Ва ба нохост ба сӯйи қаср бармегардад. Амир Наср рафтори ӯро назора мекард. Амир Исмоил ба поёни чорбоғ, он ҷое, ки шерому гургон дар қафас буданд, меравад. Қафаси гургҳо хеле танг буд ва боз дар миёни қафаси кушоду баланди шерон ҷой шуда буд. Ғуррасту таҳдиди шерҳо гургҳоро афсурда карда буд. Амир Исмоил ба чашмони ин вуҳуши асир нигарист. Замирашонро, ҳастияшонро дар барқи нигоҳашон медид. Нигоҳе сарду алмосгун бурранда. Нигоҳе бегонаву ваҳшӣ. Нигоҳе душманона доштанд.
Оҳу дар дуртар ба сӯйи ин манзара менигарист. Ҳамин, ки амир Исмоил аз ҷояш хеста ба сӯйи дар равон шуд, оҳу ҳам ӯро дунбола кард. Ӯ чанд бор баргашта пушташро дастмол намуд. Амир Наср ҳанӯз назди панҷара буд.
Китобхона
Амир Исмоил бо писараш Аҳмад деворнигораҳои толори китобхонаро тамошо мекунанд. Наср бо ҳайрат ба тасвирҳо менигарад. Деворнигора аз тасвири дарахте азим, ки сар ба фалак кашидааст, оғоз мешавад. Дарахт, ки бештар ба сарв шабеҳ аст, дар миёни дарёи бузург рустааст. Даруни об ҷондорони дарёии гирди танаи он ҷамъ шудаанд. Як навъ махлуқҳои афсонавӣ. Дар шохсораш анвои паррандагон лона гузоштаанд. Дар сари дарахт паррандаи азиме, бо пару болҳои бузургу зебое нишастааст. Дар соҳили сабзу хуррами дарё ҷондорони рӯйи замин дар мавқеъҳои мухталиф тасвир шудаанд. Шерон-нару мода ба истиқболи якдигар меоянд. Дар миёни онҳо ғизоле арому

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё