Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
шад?! Вагарна роҳзаниву ғорат, дуздиву чаповал хӯйи мардуми ваҳшии саҳроист, ин хӯйи шабушкхӯрому малаххӯрон аст. Инсоф диҳед. Мо худамон эшонро ба чунин коре барангехтаем. Ҳама гуна амали зишт аз бедод сар мезанад. Мардуме, ки қарнҳои зиёд бар зидди бедод мубориза мебурд, имрӯз худаш омили бедод шудааст. Инсоф диҳед, ин фақат ба гуфтан осон аст. Бо ин вазъ намешавад муросо кард. Фардо тамоми бузургон, омилон, қузоот, олимони музофот ин ҷо ҳозир шаванд.
Хушбахтона, Яъқуби Лайс дар ғарби кишвар даргири ҷанг аст, вагарна бе ҳеҷ заҳмат хоки ин диёрро мебехт. Ва ё омилони Хоразм аз ҳоли мо хабар надоранд. (Ба Абулфазл бинни Аҳмад) Аз фардо, не, аз имрӯз ба кори қузооти вилоят расидагӣ кунед. Абулфазл бинни Аҳмади Марвазиро ҳамаи шумо мешиносед. Эшон дабири мо ҳастанд. (Ба Исмат бинни Муҳаммади Марвазӣ ишора карда). Эшон Исмат бинни Муҳаммади Марвазӣ вазири мо ҳастанд. Аз ин баъд дар масоили умури давлатӣ ба эшон муроҷиат фармоянд.
Абузакриё (Ба Абулҳафс бо овози паст): Амирам аз мо бадгумон шудаанд ва чунин мепиндорам, ки дигар ба мо бовар надоранд.
Абулҳафс: Ин тавр нест. Ҷанобашон ба хато бадгумон шудаанд.
Амир Исмоил хеле хастаҳолона хешро ба тахт мерасонад ва беҳолона мешинад. Ҳама хомӯшона интизори фармоишоти амир истодаанд. Амир Исмоил ба рӯйи якояк менигарад.
Амир Исмоил: Ман дигар ҳарфе надорам. Агар масъалае ҳаст, дар миён бигзоред, вагарна... хеле хаста шудаам. Ҳозирон якояк аз толор бадар мераванд. Дар назди амир Исмоил ба ҷуз Исмат ва Абулфазл дигар касе намемонад.
Ҳавлии қалъа. Чорбоғ
Амир Ҳарас ба ғуломоне, ки рӯйи ҳавлии қалъа ба ҷунбуҷӯл машғуланд ва бори амир Исмоилро аз аробаҳо поин меоранд, чизе мефаҳмонад. Абунаср Аҳмад аз назди қафаси шерони хеш дур намеравад. Абузакриё бо Абилҳафс ва Ҳусайн бинни Аъло сӯҳбаткунон аз қалъа берун меоянд. Абузакриё бо дидани Абунаср Аҳмад ба назди қафасҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё