Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

буданд. Шербачагони бадхайбат андар даҳлезҳои пурпечухаму бешумори қалъа гаштугузор мекарданд ва хоби роҳати сокинони онро посбонӣ менамуданд.

Шабистони амир Исмоилро шамъе нимравшан кардааст ва ӯ болои тахти хоб нолишкунон аз паҳлӯ ба паҳлӯ мегард-ад. Амир Исмоил хоб мебинад: Чаҳор ҳазор нафар озодагони Самарқанду Бухоро дар либоси ашрофӣ дар иҳотаи сарбозони араб дар дили Регистон роҳ мепаймо-янд. Онҳо хеле хастаанд ва ғубори меҳнати сангин бар чеҳ-раяшон нишаста. Аз паси онҳо қосиди бухорхудот Туг-шода ба талаби ишон меояд.

Сарбози араб: Аз ҷониби Бухоро шахсе меояд.

Зайдҷ: Бигзор биёяд.

Қосиди бухорхудот ба назди гаравгонон мерасад ва аз асп пиёда мешавад.

Қосид: Сардори аъроб куҷост?

Онҳо Зайдҷро ба ӯ нишон медиҳанд. Қосид ба назди ме-равад ва номаи бухорхудотро месупорад. Зайдҷ беэътино-ёна онро кушода мехонад ва ба сӯе мепартояд. Номаро бод мебарад.

Зайдҷ: Баргард ва ба бухорхудот бирасон, ки мо то ба Марв нарасем, гаравгононро барнагардонем.

Қосид меравад. Зайдҷ чанд сарбози хешро ба наздаш даъват мекунад.

Зайдҷ: Либосҳои фоҳираро аз тани онҳо бадар кунед ва ҳангоми ба он соҳил гузаштан бар ишон либосҳои дағали пашмина бипӯшонед ва дар дасту пояшон банд занед. Сар-кашонро бераҳмона ҷазо диҳед. Ҳама чизи онҳо ғанимати шумост.

Сарбозони араб озодагонро даста-даста мекунанд ва ба ин васила онҳоро байни худ тақсим мекунанд. Сарбозон гурӯҳеро ба соҳил меоваранд.

Сарбоз: Либосҳоятонро бадар кунед.

Асирон дили нохоҳам либосҳои фоҳири худро аз тан бадар мекунанд ва чанд аъробии дигар дасту поҳои ишон-ро мебанданд.

Сарбози аввал: Шино кунед.

Чанд аъробии дигар сӯи заврақе медаванд ва бар он ме-шинонанд.

Озодае: Мо бо дасту пои баста шино кардан наметаво-нем.

72

пешина
аз 675
навбатӣ