Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
накарданд?
Ҳусайни Аъло: Амирам, мо мунтазири...
Амир Исмоил (сухани ӯро бурида): Мунтазир будед, ки онҳо дар саросари вилоят хуруҷ кунанд? Ё амири Бухоро хабар надоштанд?
Абузакриё: Амирам, хабар доштем, вале...
Амир Исмоил: Вале чӣ?
Абузакриё: Онро ҷиддӣ нагирифтем, бузург шуд.
Амир Исмоил: Оташ, ки ба ҷангал уфтад, хурдиву бузургӣ надорад... Имрӯз дар саросари кишвари ислом хуруҷи Яъқуби Лайси Саффорӣ тамоми дуздону айёрро гӯш ба қимор кардааст. Пешрафтҳои ҷангии ӯ эшонро далер кардааст. Натиҷааш Баркаду Ромитан ва Хоразм аст... Лашкари кишвар аз бекориву таносоӣ заиф. Мардуми кишвар ба умеди ҳукумат бепарво. Рӯҳи силоҳшӯрии мардум мурда. Дар чунин вазъе чӣ бояд кард? (Ҳама хомӯшанд). Бифармоед... Дигар анъанаи гузаштагонро бояд зинда кард. Ҳар фарди кишвари мо бояд сарбоз бошад. Деҳқонони арҷманд, ин вазифаи шумост, ки раияти хешро ҳамеша ва дар ҳама ҳолат омодаи ҳимояти манфиатҳои кишвар гардонед. Ин рӯҳ дар дилу ҷигари мардуми мо бояд дар аз нав зинда гардонда шавад. Аз имрӯз ба ин кор иқдом бояд кард. Фардо ҳар деҳқоне бо дусад сарбози хеш ба ҷанг меравад. Ҳамаи қувваҳоро Ҳусайн бинни Аъло роҳбарӣ мекунад. Ҳарчӣ тезтар пеши роҳи ин балво гирифта шавад! Дуздиву ғорату чаповул сирати мардуми мо нест. Лашкари мо ифодагари сирати мардуми мост. Дар хабар аст, ки “ҳар касеро рӯзи қиёмат ҳозир кунанд аз касоне, ки эшонро бар халқ дастеву фармоне буда бошад, дастҳояш баста бошанд. Агар одил бошад, адлаш дастҳои ӯ кушода кунад ва ба биҳишт расонад ва агар золим бошад ҳамчунон баста ба гӯлҳо ба дӯзах афкананд”.
Ва ҳам дар хабар аст, ки “рӯзи қиёмат ҳар касеро, ки бар касе фармон буда бошад дар ин ҷаҳон, то бар муқимони сарой ва зердастони хеш ӯро аз он суол кунанд ва шӯбоне, ки гӯсфандон нигаҳ дошта бошад, ҷавоб аз ӯ бихоҳанд”. Валлоҳу аълам.
Чорбоғи қаср
Амир Исмоил бо дабири дарбор гардиш мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё