Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Исмоил мешаванд. Амир Исмоил пас аз лаҳзае бо вазиру дабири хеш вориди боргоҳ мешавад. Ҳозирон бар ӯ таъзим меоранд. Амир Исмоил аз байни сафи онҳо гузашта назди тахт меравад ва ба тарафи ҳозирон мегардад.
Амир Исмоил: Лутфи шумост, ки даъвати моро иҷобат кардед. Бифармоед, ҷанобон!
Амир Исмоил ба тахт мешинад ва дигарон аз ӯ пайравӣ мекунанд.
Амир Исмоил: Сабаби ба боргоҳ даъват шудани деҳқонони арҷманд, гумон мекунам, ки ба ҳама маълум аст. Вале маро фақат як чиз ба ташвиш овардааст. Наход деҳқонзодагони ин марзу бум анъанаҳои аҷдодии хешро фаромӯш карда бошанд? Агар чунин намебуд, ҳеҷ гоҳ чанд дузду роҳзане ҷуръат намекард дар ин сарзамин даст ба ғорату чаповал бизанад, осоишу оромии мардумро муғаннас созад. Ман аз худ мепурсам: чӣ омиле онҳоро ба чунин амале водоштааст? Ва деҳқонони мо дар баробари онҳо оҷиз мондаанд? Ё гуноҳ дар аъмоли омилони мост ва ё сохторҳои ҷомеаи мо таҷзия шудаанд? Ва набудани мо... Ман фаҳмидан мехоҳам. Наметавон бо чунин вазъе дар вилоят ҳукмфармост, муросо кард. Бигӯед, иллит чист? (Ҳама хомӯшанд). Иллат аз ду беш нест: ё шумо бо онҳо ҳамдастед ва ё аз ишон оҷиз омадаед?
Ҳусайни Аъло: Деҳқонони Ромитан ҳаминҷо ҳузур доранд. Аз ишон хоҳиш мекунем, ки қазияро барои амирам шарҳ диҳанд.
Амир Исмоил: Бифармоед.
Деҳқони ромитанӣ: Умри амирам дароз ва давлаташон поянда бод. “Раият беадаб гаштаанд ва аз бисёрии адл далер гардидаанд”. Ва натиҷааш ин аст, ки чанд раҳзане мардумро гирди худ ҷамъ оварда, ба ғорати моли мардум даст задаанд.
Амир Исмоил: Чаро сари вақт хуруҷи онҳоро безарар накардед?
Деҳқони ромитанӣ: Давлати амирам поянда бод, кӯшидем, вале аз бисёрии эшон натавонистем бар онҳо фоик оем. Онҳо ғанимати ба дастовардаи хешро байни мардум тақсим мекунанд ва ба ин восита онҳоро ба худ ҷалб менамоянд. Қазия чунон аст, ки мардум аз аъмоли онҳо розиянд.
Амир Исмоил: Ҳм... Соҳибшуртаи Бухоро чаро иқдоме

пешина
аз 675
навбатӣ