Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Устурушана, Фарғонаву Чоч нишастаанд. Деворҳо бо деворнигораҳои рангин музайян шудаанд. Вале одамони деворнигораҳо сар надоранд. Дар охири толор суффаи нисбатан баландтаре ва рӯйи он тахти шоҳӣ гузошта шудааст. Хонтахтаҳо пур аз анвои меваву хӯрокворӣ аст. Шоҳ баъди азони намози шом ба толор ворид мешавад. Ҳозирон аз ҷой мехезанд ва ба ӯ таъзим менамоянд. Амир Наср бо имои сар ба меҳмонони ду тарафи толор “салом алейк” менамояд ва аз паси ӯ як гурӯҳ дарбориён вориди толор мешаванд ва ба ҳамин минвол ба ҳозирин “салом деҳон” ба ҷойҳои хеш мераванд. Шоҳ дар ҳоле, ки толорро барандоз мекунад ба ишорати даст рухсат ба нишастан медиҳад. Гуломони турк дар косаҳои булурин шарбат меоранд ва назди меҳмонон мегузоранд.
Шоҳ: Пас аз он, ки хонадони Тоҳирия аз ҷониби Яъқуби Лайси Саффорӣ барандохта шуд, дар Бухоро фитнаву изтироб ба амал омад, раис ва факеҳи Бухоро Абуабдулло бинни Абиҳафс ба ҷониби мо нома навиштаанд ва аз мо дархост кардаанд, ки касеро аз касони хеш барои забти Бухоро ба он ҷо бифиристем. Мо тасмими хешро гирифтем... (Ва ба имтиҳон ба сӯйи ҳозирин менигарад). Вале раъйи шуморо донистан мехостем... Шумо дар ин хусус чӣ мегӯед?
Амир Наср ҳар якеро бо нигоҳ барандоз мекунад ва охируламр дар амир Исмоил қарор мегирад. Ӯ як қадам пеш мегузорад ва бо таъзим ба шоҳ муроҷиат мекунад.
Исмоил: Тасмим тасмими ҳазратам аст!
Ва ба ҷойи худ бармегардад. Дигарон ин посухи амир Исмоилро бо нигоҳи қаноатмандона тарафгирӣ менамоянд.
Шоҳ: Пас мо тасмим гирифтем барои иҷрои ин амр амир Исмоилро ба Бухоро фиристем.
Ҳозирон ба амир Исмоил менигаранд. Амир Исмоил ба ризоияти хости шоҳ таъзим мекунад. Вале аз ваҷоҳаташ чунин пайдост, ки аз ин тасмими ғайричашмдошти шоҳ чандон розӣ нест. Ӯ худро чунон вонамуд мекунад, ки гӯё аз ин корҳо безор аст.
Шоҳ: Амир Исмоил хешро аз ҳама ҷиҳат ҳамчун ҷавонмарди оқилу ботадбир нишон додаанд. Чӣ дар лашкаркашӣ алайҳи саркӯб кардани туркони кофир дар кишвари Турон ва чӣ... (ба дабир). Ба Абуабдулло бинни Абиҳафси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё