Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Бухорои ҷавоб нависед ва аз тасмими мо ӯро огоҳ созед ва таъкид намоед, ки аз амир Исмоил он чунонки шоистаи шаъни эшон аст, пазирой ба амал биёваранд. (Ба амир Ис-моил) Амири хиттаи Бухоро тадоруки сафар банданд, ҳар чӣ тезтар, хубтар (Амир Исмоил даст ба чашм мебарад ва таъзим менамояд). Супориши махсусро баъдтар, яъне дар арафаи сафар ё ҳамин бегоҳ, баъди ифтор дарёб хоҳед намуд.
Исмоил: Агар ҳар чӣ тезтар супоришҳо маълум шаванд, барои тайёрӣ дидани сафар хубтар аст, шоҳам.
Амир Наср: Пас, баъдтар дар ин хусус машварат хоҳем кард.
Дастаи навозандагон ба толор ворид мешаванд ва ба сӯи суффае мераванд, ки деворнигораҳояш далолат ба ҷойи онҳо мекунад. Дар девор чанд нафар навозанда ва хонуми раққосе бо рангҳои рӯшан тасвир ёфта буд, вале афсӯс, ки онҳо низ бесар шуда буданд. Фақат аз созҳо ва ҳаракати баданҳо пай бурдан мумкин буд, ки кадоме аз онҳо наво-зандаву раққоса ҳастанд. Баъди чанд лаҳза оҳанги фора-ми “Хусравӣ” садо медиҳад. Ғуломбачагон ҷомҳои шар-батро гирд мегардонанд.
Ҳуҷраи Наср
Дар равшании нури шамъҳо амир Наср ва Исмоил ни-шастаанд. Амир Наср аз ҷой мехезад ва ба тарафи панча-ра меравад ва пардаҳои ҳарирро ба як сӯ кашида, дар боғ хира мешавад.
Амир Наср: Ҳаво дам асту гарм. Амири Бухоро майли сайри боғ надоранд?
Амир Исмоил: Шоҳам бо чунон тасмиме дар хусуси Бу-хоро ҳарф мезананд, ки гӯё кайҳост ин мулк мустаъмараи мо бошад.
Амир Наср: Мо ба қудрат ва роҳи ҳусни тадбири баро-дари худ бовар дорем. Дигар ин ки пеш аз он, ки шоҳон тасмим гиранд, аввал меандешанд ва бо аъёни худ маш-варат мекунанд ва баъд қатъиян ибрози ақида мекунанд.
Онҳо аз қаср берун мераванд. Дар равшании ширгуни моҳ сатҳи орому сокити ҳавз ба мисли ойинае чило меди-ҳад. Осмон софу бегубор ва пур аз ситора аст. Амир Наср пеш-пеш ва Исмоил чанд қадам қафотар, яъне пасопеш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё