Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Шаҳбону: Дишаб амирам хоб медиданд, гумон мекунам, кобусе буд. Асораташ дар ҷисми шоҳам зуҳур карда буд.
Абилҳафс: Ҳеҷ намефаҳмам, чӣ тавр асораташ бар ҷисми шоҳам зоҳир шуда буд?
Шаҳбону: Аз шақиқаҳои амирам хун мерафт ва каллай дастонашон пайи банд дошт ва аз зарбаи тозиёне душа- шашон даридаву хунчакон буд.
Абилҳафс: Фоли нек. Натиҷаи тақвову адл асту ростӣ!
Шаҳбону: Маро возеҳ бифаҳмонед.
Абилҳафс: Амирам муҳаддас мебошанд. Ин ҳолест, ки фақат ба авлиёуллоҳ рух медиҳад.
Шаҳбону: Яъне, муҳаддас чӣ?!
Абилҳафс: Касеро муҳаддас мегӯянд, ки малоика дар ботини қалбаш бо ӯ сухан мегӯянд ва шинохту маърифа- ти ашёро бароиш илҳом менамоянд. Гоҳо садои онҳоро, яъне малакро мешунавад, агарчӣ ӯро намебинад.
Шаҳбону: Ман ҳеҷ намефаҳмам...
Абилҳафс: Шаҳбону дил танг медоранд, ки ин сифоти хуби замири амирам аст, фоли нек аст.
Шаҳбону: Таъсири иртиботи малоик бар тани муҳаддас зоҳиршаванда аст?
Абилҳафс: Ин ҳодисаи нодир аст.
Шаҳбону: Ба табиб эҳтиёҷ надорад?
Абилҳафс: Не.
Шаҳбону: Шунидам, ки интихоби омӯзгоронро барои фарзандонамон бар зиммаи шумо гузоштаанд. Мехостам пеш аз шурӯъи корашон бо ишон сӯҳбат кунам ва пешакӣ донам, ки онҳо кистанд.
Абилҳафс: Ба чашм.
Шаҳбону: Боиси сарфарозии мо мебуд, агар таълими фиқҳу ҳадисро ҷанобашон бар ӯҳдаи хеш мегирифтанд.
Абилҳафс: Мо шарафи худ мешуморем.
Шаҳбону: Лутфи шумо беандоза аст. Дигар хоҳиш мекар- дем, бонуи азиз гоҳ аз гоҳ ба дарбор биёянд. Мо алҳол ин ҷо касеро намешиносем.
Абилҳафс: Ба чашм.
Дарбор
Амир Исмоил бо чеҳраи ғамангез болои тахт нишастааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё