Тифли дарё (Муродалӣ Собир)

Ин китоб аз шеърҳои тарбиявӣ ва омӯзгорӣ барои кӯдакон иборат аст. Шеърҳо ба хондани китоб, эҳтироми калонсолон ва дӯст доштани Ватан даъват мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 8 саҳифа
МаърифатШеърКӯдакон
Аз аввал хонданМАН КАЛОН ШУДАМ
Ман шудам калон,
Ҷӯра ҳам дорам.
Аз ҷӯраи худ
Дар ифтихорам.
Мехезам аз хоб,
Субҳи солеҳон.
Доим ба корам,
Набошам меҳмон.
Бо завқи афзун
Хонам китобро.
Аз худ намудам
Фанни ҳисобро.
Ҳайрон нашавед,
Мактабхон шудам.
Бояд ки гӯям,
Ман калон шудам.
ҲИСИБОТ
Гар ту надонӣ ҳисоб,
Доим монӣ дар азоб.
Зарбу ҷамъу тарҳи он
Кори ту кунад осон.
То намонӣ ҳоли зор,
Дар дӯкону дар бозор.
То нагардӣ шармсор,
Корат бошад бобарор.
Инро ба хотират ор,
Ҳисоб донистан даркор.
Китобхонаи давлатии бачагонаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи
М. Миршакар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё