Тайёраи нав омад

Китоби мазкур асари бадеии Назар Табарзодаи Деҳбаландӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо ва навиштаҳои муаллиф пешниҳоди хонандагон гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 26 саҳифа
ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданНОЗИ БАҲОР
ЯК рӯзи баҳоре буд,
Вақти гули хоре буд.
Сад барраву бузгола,
Дар дашту гулзоре буд.
Ду абри бало омад,
Аз пешу қафо омад.
Чун уштури девона,
Бо шӯру наво омад.
Ҳамроҳи шамол омад,
З-ӯ бӯйи малол омад.
Аз домани пуржола,
Бар гулҳо завоЛ омад.
Дар дараву дар ёла,
Борид чунон жола.
Бигрехт ба сӯйи деҳ,
Он барраву бузгола.
Дар ду дара сел омад,
Харсанг ба ғел омад.
Гӯсфанди тарошида,
Ларзида ба ҳел омад.
Аз абр парид оташ,
Кӯҳе бигирифт оташ.
Он сабзаи пеши кӯҳ,
Гӯё бичирид оташ.
Вақти гули хоре буд,
Бедории море буд.
Он ашки равони ток,
Аз нози баҳоре буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё