Афсонаи бобо Алеся (Номаи гулшапалакҳои Титово)

Китоби мазкур аз афсона ва ҳикояҳои ҷолиб барои кӯдакон иборат аст. Он хонандагони наврасро бо олами ҳайвонот ва ҳашарот ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 11 саҳифа
рафта сарварашон Тит Ганҷӣ хост, ки ошёнашонро зери сояи дарахти Санавбари пир қарор диҳад. Ва ин дарахти муқаддас он ҷо, аз замонҳои қадим ва ҳукмронии ашрофзодагони бузург вуҷуд дошт. Аҷаб не, садҳо сол пеш!..
- Дӯстонам! - муроҷиат кард Ганҷӣ ба гулшапалакҳо, - аз умри ман хеле кам, ҳамагӣ панҷ ҳафта вақт мондааст. Ва ман аз ҳамаи шумоён пиртар ҳастам. Ҳар он дониш, ки дорам, ба туфайли заҳмати ҳаққонӣ ва ҳамарӯза андӯхтаам. Ба атроф менигарам ва мебинам, ки зурёди мо то рафт кам шуда меравад. Қиркунандаи асосӣ ва аз ҳама пурхатари мо - мушҳои паррон мебошанд. Он ҷонзодҳои хунхору баднафс, танҳо моро ҳадафи шикор қарор додаанд.
Шапалакҳо гапи сарвари худро бо мароқ гӯш карданд. Ҳам онҳое, ки як ҳафта умр доштанду ҳам онҳое, ки акнун якрӯзаҳак буданд.
-
Ман зиёд фикр кардам, то чӣ тавр ин бадбахтиро бартараф созам. Барои ман ин, албатта, айб аст. Лекин бояд ба гардан гирифт, ки чораю тадбири муфиде пайдо нашуд, - сухани худро маҳзуну ғамгин давом дод Ганҷӣ. - Шумо оё медонед, мо бо мушҳои паррон забони умумӣ ёфта наметавонем. Сабабаш дар ин аст, ки бо забонҳои гуногун гап мезанем...
-
Дар он сурат, - лаҳни хуши шапалаки зарринқабо ба гӯш расид аз гӯшае, ки дар шохчаи баланд қарор дошт, - бо хешовандон машварат оростан лозим. Охир, дар марғзорони атрофи мо на камтар аз дусад навъи гулшапалакҳо мавҷуданд.
-
Ӯ кист, ки овояшро мешунавам? - ҷиддӣ пурсид ҳукмдорашон.
-
Манам, тақсир. Ғолиб ном дорам. Аз аҷдоди озодагони қадимӣ. Шаҳду шира аз гулистонҳои Пухово ҷамъ меоварам, - оромонаю фаҳмо посух дод ӯ.
Ҳама хомӯш буданд. Баъзеҳо аз тарсу ҳарос гумон бурданд, ки ҳукмдор ҳамин ҳоло пӯстаки ин маҳмаддоноро афшонда мемонад. Аммо Тит Ганҷӣ ба ӯ, ақаллан, сахттар сиёсат накард. Баръакс:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё