Афсонаи бобо Алеся (Номаи гулшапалакҳои Титово)

Китоби мазкур аз афсона ва ҳикояҳои ҷолиб барои кӯдакон иборат аст. Он хонандагони наврасро бо олами ҳайвонот ва ҳашарот ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 11 саҳифа
- Писарам, - гуфт сарвар, - ту дар манзилу маъвои аз ҳама пурҳагар зисту зиндагӣ доштай! Он ҷо, ки буду бош дорӣ, мана, иморати кӯҳнае ҳаст. Аксар мушҳои паррон ҳамон ҷо лона доранд... Ту ба худ ҳушёр бош, писарам Ғолиб! Афсӯс, ки бо ту, дар бораи як бузургии зурёди мо гап назадаанд. Дар ин хусус, ман ба шумо хотирнишон месозам! Ҳо – о, бале, ба гапам гӯш деҳ, Ғолиб! Дар қаламрави мо на ин ки дусад навъ, балки ду ҳазор зеботарин навъи гулшапалакҳо мавҷуданд. Ҳар кадомашон дорои забони хоси худ ҳастанд. Аз ростӣ, забонҳоямон бо ҳам хеле монанд ва фаҳмо. Мисол, агар гузори ягон гулшапалаки Белорус ба Литва, ё ки дигар мамлакате афтад, хаёлам, вай бо сокини таҳҷоии он баҳузур гуфтугӯ карда метавонад. Ҳамчунин имкон дорад, бо Шоҳаншоҳи Амрикои Шимолӣ бемалол чақ-чақ намояд.
Медонед фарзандонам?! Мо байни худамон бо кӯмаки пару болҳоямон гуфтугӯ мекунем: дар як сония аз ҳаштод бор бештар болу пар зада метавонем. Мо бо болу парҳои худ, то андозае босуръат гуфтугӯ мекунем, ки дигар гулшапалакҳои ҳамқавм дорои чунин иқтидор нестанд.
Ҳамқавмҳои мо истеъдоди табиии дигаре доранд. Вале ҳеҷ кадоми онҳо аз даҳ бор зиёд (дар як сония) қудрати болу пар задан надоранд. Оё ин тафовутро шумо эҳсос мекунед?!.
Сарвар Тит Ганҷӣ дар ҳамин ҷо лаб фурӯ баст. Боз ҳам сукунате ҳукмфармо шуд. Сипас, ҳукмдор қиссаи дигаре оғоз намуд. Ӯ гуфт:
-Дар Мамнӯъгоҳи дур аз Титово яке Олим – Ҳашаротшинос (Энтомолог) зиндагӣ мекунад. Зарур аст, ки ҳарчӣ зудтар ба ҳузури ӯ намояндаи худамонро фиристем. Ба шумо гуфтам-ку, аз умри ман рӯзҳои башумор мондааст, - ҳақиқати гапро ба забон овард Тит Ганҷӣ. – Аммо ба шумо лозим аст – зинда бимонед, ҳастии худро давом диҳед. Инро ҳам бидонед, агар мо дар рӯи Замин вуҷуд надошта бошем, яқин аст, ки Олам дигаргун мешавад! Бояд дар хотир дошт, ки ҳастии ҳар кадоме аз мавҷудот дар рӯи Замин ин худ як навъ зарурат аст. Онро на тарк кардан имкон дораду на тағйир додан мумкин!.. Мо маҷбурем, ки зиндагӣ кунем. Ман аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё