АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.
Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа
СИНФИ 3
НАВРЎЗӢ
Наврўзу навбаҳор аст,
Гул дар миёни хор аст.
Ғунча даҳон кушода,
Булбул чӣ беқарор аст.
Наврўзу навбаҳорон,
Чу мавсими гул омад,
Ба шохи гул нишаста,
Хониши булбул омад.
Наврўзу навбаҳорон,
Ба гулрухон муборак,
Ин рўзи шоду хандон
Ба кўдакон муборак.
СОЛИ НАВ
Лайлак омадаст дина,
Дар ҳавлии Одина.
Одина хамир кардаст,
Келинаш фатир кардаст.
Ҳезумаш камӣ кардаст,
Камтарак намӣ кардаст,
Бобош ба ҳезум рафтаст,
Арғамчина гум кардаст.
Арғамчин дар боғи мо,
Себи сурх анори мо.
Себи сурхи оташин,
Гул баромад аз замин.
Аввали фасли баҳор,
Аз сари шохи чанор,
Ду лайлаки қайроқбоз,
Мехонад бо як овоз:
Соли нав муборак бод!
Соли нав муборак бод!
ХАДИЧАҶОН БУЛБУЛЕ
Як думаку ду думак,
Сарпиёзу гандумак.
Гандума даравидем,
Овозаке шунидем,
Оозаки кӣ, оча?
- Овозаки Хадича.
Тохтем , рафтем сари пул, Ёфтем як дастаи гул.
Ҳар гулеву ҳар гуле,
Хадичаҷон булбуле.
Хадича дар гулзор буд,
Поҳояш пури хор буд.
Пеши Хадича рафтем,
Хораша гирем, гуфтем.
Хадичаҷон «ҳай- ҳай гуфт,
Бибиҷонаш «ҳай-ҳай» гуфт.
ГАРДАМ САРАКИ ДОДОМ
Олуча гули бодом,
Ман духтраки додом.
Додом мана нағз бинад,
Гардам сараки додом.
Олуча гули бодом,
Ман духтараки додом.
Додом, ки ба боғ ояд,
Ман дум-думаки додом.
Олуча гули бодом,
Ман духтараки додом.
Додом, ки мана гум кунад,
Ман дар бараки додом.
ДАРВОЗА НИГИН ДОРАД
Ҳо ҷастаму ҳо ҷастам,
Рўмолчаба нон бастам,
Ани бибиҷон рафтам,
Гўгирдаша гум кардам.
Оловаша пуф кардам.
Дидам таги дарвоза,
Ду духтари пурғоза,
Мўҳоша ваҷаб кардам,
Андар таги дарвоза.
Дарвоза нигин дорад,
Қулфи мармарин дорад.
ШАБПАРӢ
- Шабпариё, шабпарӣ,
Маро куҷо мебарӣ?
- Шаҳри калон мебарам,
Кавши калон мехарам.
- Ҷамолаке, ҷамолак,
Аз они кӣ Камолак?
Ҷамолаки Гулпарӣ,
Кокулош ҳайдарӣ.
Рафтам таги дулона,
- Биё, - гуфтам, - дўлона!
Як коса шир овардам,
Нону фатир овардам.
ШУТУР ДАР КУҶО?
- Шутур дар куҷо?
- Дар баландие!
Бинии шутур
Зуғотабандие!
Чашмони шутур
Ойначабандие!
- Шутур дар куҷо?
- Дар баландие!
Сараки шутур
Саллабандие,
Шиками шутур
Бўхчабандие!
- Шутур дар куҷо?
- Дар баландие!
Пойҳои шутур
Рафидабандие,
Даҳони шутур
Кафк- кафандие!
- Шутур дар куҷо?
- Дар баландие!
Дандони шутур
Хоракандие,
Гўшҳои шутур
Найзабандие!
-Шутур дар куҷо?
- Дар баландие!
Гардани шутур
Каҷкаландие!
Кўҳони шутур
Гаҳворабандие!
-Штур дар куҷо?
-Дар баландие!
Лабҳои шутур
Зағорабандие!
- Шутур дар куҷо?
- Дар баландие!
Думҳои шутур
Ҷорўбчабандие!
- Шутур дар куҷо,
- Дар баландие!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё