АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.
Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа
ПЕШГУФТОР
Халқи тоҷик ҳанўз аз давраҳои қадим дар тарбияи фарзандони худ эҷодиёти бадеиро васеъ истифода карда омадаанд ва меоянд, то дар дили бачагон ба воситаи каломи бадеъ ба зебоиҳои ҳаёт шавқу рағбат парваранд.
Ҷиҳатҳои гуногуни моҳияти зиндагиро ба идроки онҳо расонанд. Ҳамчунин ҳиссу фикр, ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмии онҳоро вусъат диҳанд. Диққати бачаҳояшонро ба самтҳои муҳим ва самарабахши муносибатҳои одамӣ ҷалб намоянд.
Барои волидайн, мураббӣ ва омўзгор
Истифодаи сухани нафису мавзун – маҳсули эҷоди бисёр наслҳои гузашта ва имрўза аз зодрўзи кўдак сар карда, дар ҳамаи марҳилаҳои ҳаёти ў асрҳо инҷониб давом карда омада истодааст.
Таваллуди кўдак ба оила, хешу табор ва ёру дуст шодкомиҳо меоварад: ҳамдигарро табрик мегўянд, ба хушхабар шодиёна медиҳанд, сурудхонию рақсу бозӣ барпо мегардад, баъд ҳар сари чанд вақт ба шукри серўза, панҷрўза, ҳафтрўза, чилрўза ва соҳибном шудани кўдак маросимҳо барпо мкунанд. Дар рўзҳои гаҳворабандон занҳо зиёфат ороста, дар ҳаққи бача суруд мехонанд:
Бача, бача, ҷони бача,
Худо нигаҳбони бача,
Ҳар кас хўрад оши бача,
Дуо кунад ҷони бача.
Шамсу қамару ситора
Ҳамеша ҳамроҳи бача.
Ба муносибати ин маросимҳо ва ҳаракатҳои аввалини беихтиёри, кўдак, мисли сарҷунбонӣ, қадаммонӣ, лелакбозӣ сурудҳо эҷод шудаанд, ки дар онҳо кўдак бо меҳри зиёд навозиш меёбад. Масалан, вақте ки бори аввал
«дада», «ата», «падар», «додо», «оча», «бибӣ, момо… мегўяд, суханони зеринро мешунавад:
«Дада», «дада!»
Ҷони дада!
Тарбузи ғелони дада
Химчаи ларзони дада.
Танўри тафсони дада,
Нахўди бирёни дада,
Ғунчаи хандони дада…
Сурудҳои дар навозиши кўдак гуфташуда дар фолклори тоҷик мавқеи махсус доранд. Занон, модарон, хоҳарон, модаркалонҳо суруд хонда, кўдаконро «алла» мегўянд ва навозиш мекунанд. Бисёре аз аллаҳо ва сурудҳои навозиш бадеҳатан эҷод мешаванд, бинобар ин, баъзан нусхаҳои гуногун пайдо кардаанд.
Дар аллаҳои марбути замони гузашта вазъи ҳоли модарон , ғаму шодӣ ва ҳаяҷони дили онҳо изҳор шудааст, эътироз аз зиндагонии қашшоқона ва тақдири паст акс ёфтааст, нақше аз ҳаёти ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ мондааст.
Дар сурудҳои навозиш ва дўстдорӣ ҳарчанд , ки онҳо шоду масрур кардани бачаро дар уҳда доранд, рози дили калонсолон, орзуву умедҳои ширини онҳо акс меёбад. Ин сурудҳо ҳаҷман хурданд, вазни сабук ва хушоҳанг доранд, тавсифу ташбеҳ ва истиораҳои дилчаспро дар бар мегиранд.
Ҳамту писар кӣ дорад?
Подшоҳ ба тахт надорад.
Вазири вақт надорад.
Муфтӣ аълам надорад,
Муфтӣ аълам надорад!
Қозӣ, аъзам надорад!
Луғат:
Аълам арабӣ китобӣ
1. олимтар, донишмадтар; олими калон.
2. таърихӣ дар аморати Бухоро, мансабе буд, ки ба калонтарини муллоҳо дода мешуд.
Аъзам- азимтар, калонтар, сарвазир.
Қозӣ- 1. арабӣ китобӣ ҳукумбароранда
2. таърихӣ мансабдори шаръӣ дар аморати Бухоро.
Муфтӣ1. мансуб ба муфт, ройгон, бепул.
2 а. динӣ. мансаби олии динӣ дар Тоҷикистон,
Муфтии мусулмонони Тоҷикистон
Духтар дорам гул барин,
Мурчу қаламфур барин,
Пиёзи анзур барин,
Себи Самарқанд барин,
Анори тошканд барин!
Баъд падару модар, бобою модаркалон, хоҳару додарон ба кўдакон суруд ёд медиҳанд. Ин сурудҳо дар бораи худи бачагон, падару бобоён, дар бораи табиат, парандагон, растаниҳо, офтобу моҳ, ситораҳо ва монанди инҳоянд.
Дар онҳо осори ақидаҳои анимистӣ – як навъи тафаккури ибтидоӣ, ки аз рўйи он тамоми чизҳои дунё ҷондор пиндошта мешуданд ва тотемизм – ақидаи одамони ибтидоӣ, ки аз рўйи он инсон бо ҳайвонот, парандагон ва растаниҳо хеш дониста мешуд, падидор аст.
Бачагон моҳи дурахшоро дида, шодикунон суруд мехонанд:
Моҳмомо кулча те!
Апачамба бача те.
Ба офтоб рў оварда, аз он хоҳиш мекунанд, ки ба бачагон зебоӣ ва нуру сафо бахшад:
Офтоб баро ба рўям,
Нуқрапўпак ба мўям,
Ҳалқаи зар ба гўшам,
Кўҳна шавад, фурўшам.
Мусичаро дар лаби бом дида, покӣ ва бегуноҳии онро таъкид карда, ба воситаи суруд дар ҳаққи он изҳори ғамхорӣ мекунанд:
Мусичаи бегуноҳ,
Болои сандалӣ баро,
Аз нўлакат муччӣ кунам,
Аз думакат қайчӣ кунам.
Сурудҳои мансуби табиат ва ҷонварон бачагонро бо табиат ва олами ҷонварон шиносо месозанд. Ба инкишофи тасаввур ва дониши онҳо ёрӣ мерасонанд. Зимнан бояд илова кард, ки ин қисми фолклори бачагон дар асоси таҷрибаи зиндагӣ ва мушоҳидаҳои дақиқу амиқи мардум эҷод шудаанд. Дар сурудҳо, агарчи ба шакли одӣ бошад ҳам, муносибати одамон ба ҳодисаҳо, ашёҳои табиат ва муносибатҳои ҷамъиятӣ тасвири худро ёфтааст.
Дар поёни зимистон , ҳамин ки ба замин нафаси гармӣ расида, барф об мешавад, дар дашту теппаҳо гули зардак ё сияҳгўш мерўяд. Бачаҳо чида, гулдаста баста, сурудхонон ба мардум аз баҳор мужда мерасонанд.Омадани турна низ аз расидани баҳор дарак медиҳад:
Турна қатор меояд,
Арғамчинвор меояд.
Вақти баҳор меояд,
Мавсими кор меояд…
Дар бораи баҳор, борони баҳорӣ, иди қадимии мардуми тоҷик – Наврўз, ки ба муносибати оғоз ёфтани Соли нав (21 март) баргузор мешуду мардуми шодмон ба дашту ҷойҳои сабзазор баромада, гўштингирӣ, бузкашӣ, рақсу бозӣ ташкил мекарданд, ҳар гуна сурудҳои бачагона вуҷуд дорад, ки яке бо номи «Баҳори лолазор омад» машҳур аст. Дар ин суруд манзараи аз нав зинда шудани табиат, қолини сабз пўшидан ва ба гулзор табдил ёфтани
дашту дара, доманаҳои кўҳҳои осмонбўс, талу теппа, боғу ҳавлиҳо тасвир шудааст.
Мардум ба муносибати Наврўз ҳамдигарро табрик мегўянд ва орзу мекунанд, ки баҳор муътадил шавад, бориш аз ҳад нагузарад ва кам ҳам нашавад. Дар гузашта ризқи мардум ба ҳиммати баҳор вобаста буд. «Соле, ки накўст, аз баҳораш маълум» - ин зарбулмасали халқ бесабаб эҷод нашудааст. Борони баҳорӣ, ки ба зиндагӣ на танҳо файзу тароват, балки баракат ҳам меоварад, дар сурудҳои халқӣ «дўсти меҳрубон» номида шудааст.
Бисёр сурудҳои бачагон мансуби айёми тобиистон, тирамоҳ ва зимистон ба ҳайвонот, парандагон, ҳашарот бахшида шудаанд. Дар онҳо аз шиносоӣ бо аҷоиботи олами беруна ба ҳаяҷон ва ба ваҷҳ омадани хурдсолон ифода гардидааст.
Назми халқии бачагон силсилаи сурудҳоеро дар бар мегирад, ки бо ягон маросим, урфу одат ва ё фаслҳои сол вобастагӣ надоранд ва лавҳаҳои ҷудогонаи ҳаёти маишӣ, осори воқеаҳои таърихиро дар бар мегиранд.
Духтараке аз бечорагии худ ва беқадрии меҳнаташ шикоят мекунад:
Чарх мересам дар айвон,
Пул мекунам ба алвон.
Алвон ба ман чӣ кора,
Ман духтари бечора.
Дар суруди дигар, ки вақти иҷрои он духтаракон ду дасти ҳамдигарро маҳкам дошта ва худро ба ақиб кашида, гирд мегарданд, ҳайрати таҳсиномези мардум аз рафтори духтаре ифода шудааст, ки ба тақдираш тан надода, ба душманони асоратовари худ зарба заадааст.
Дар байни бачагон суруде низ паҳн шудааст ки дар он духтареро аз сари чашма дуздида, ба шавҳари бегона бурда фурўхтани роҳзанон тасвир ёфтааст.
Яке аз сурудҳои халқӣ, ки «Биё, баҳор!» ном дорад, бачагонро бо рафти кор шиносо менамояд. Завқи бачагон ба ханда, ба ҳазлу шўхӣ зиёдаст. Онҳо шўхиомез ва дилсофона ба феълу атвор ва намуди ҳамдигар механданд ва инчунин ягон рафтори номақбули калонсолонро ҳаҷв мекунанд:
Амакам – бенамакам,
Як парча нони гармакам!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё