АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.
Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа
ЧИСТОНҲО БАРОИ СИНФҲОИ 1 - 2
-Ҳасан яке сафар кард,
Сад қишлоқа хабар кард.
(Заминҷунбӣ)
Қолини сафед дорем,
Афшонда наметонем.
Тиллои зиёд дорем,
Шумурда наметонем.
(Осмон ва ситораҳо)
Меравад, меравад, ба ақибаш ҳаргиз нигоҳнамекунад.
(Дарё)
Шатар-шутур беором,
Шўлапазӣ рўи бом.
(Борон)
Теша задам, табар задам,
Парида Ҳиндустон рафт.
(Ях)
Аз зин пасту аз кўҳ баланд.
(Роҳ)
Аз ин ҷо то мадина,
Тинг - тинги дона-дона.
Луғат:
Мадина - номи шаҳрест дар Арабистон.
Як табақ пури анор,
Мард бошӣ бубардор.
(Оташ)
Худаш калта, мўяш дароз.
(Мўрӣ ва дуди он)
Ҳавзи қул-қулум,
Почадарози калтадум.
(Шутур)
Охурчаи пастак,
Хўтукчаи мастак.
(Муш)
Пастак занако,
Пасту баландак занако.
Пўпак сари кифт,
Кўчадавак занако.
(Мурғ)
Нохунаш чун нохуни шеру паланг,
Тоҷи шоҳӣ бар сараш ҳангоми ҷанг.
(Хурўс)
Чист он луъбати писандида,
Атласи ранг-ранг пўшида?
(Товус)
Аз кўҳ баромад ақарангу тақаранг,
Ба почаҳояш мўзаҳои сурхранг,
Пушида ба тан ҷомаи ҳафтранг.
(Кабк)
Меравад ҳуштоҳушт,
Дастҳо паси пушт.
Ғунҷад ба як мушт,
Нозаш мана кушт.
(Малах)
Биёяд лик-лик,
Равад лик-лик.
Тамошо лик-лик,
Ҳамеша лик-лик.
(Сўзанак)
Рафтам саҳро, Ёфтам гиёҳ,
Пўсташ сафед,
Мағзаш сиёҳ.
(Сияҳгўш)
Зар малах, зарпо малах,
Аз кўҳ парид кунду карахт.
(Дулона)
Ман дар сари сабад, ман ҷингиламўй,
Ман нозуки оламам, ҷавоби мана гўй.
(Гул)
Дегчаи пурҷаза,
Ошакаш бомазза.
(Чормағз)
Так табақ, рў табақ,
Миён фатири бенамак.
(Чормағз)
Очааш каҷу килеб,
Бачааш ширу шакар.
(Току ангур)
Пак-пакана қад дорад,
Ҷома чил қабат дорад.
(Карам)

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё