Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Шунидам, ки, – гуфт Восеъ, – дар он ҷо бародари маро бо туҳмат зиндон карданд, мехоҳам биравам аз аҳволаш хабар бигирам.
Меҳмон ва мизбон ба якдигар нигоҳ карданд, ки баъд Восеъ маънои ин нигоҳро аз суханони зерини Мирзоакрамбой фаҳмид:
– Ҳар як дузд ё қотили зиндонӣ, албатта худашро ба туҳмат мондагӣ, бегуноҳ ҳисоб мекунад! – ришханд карда ба амин рӯй оварда гуфт закотчии собиқ. Ӯ худ дар вақтҳои амлокдорӣ ва закотчигиаш одамонро кам қайду банд накарда буд ва хуб медонист зиндониҳо дар бораи худашон ва зиндонбонҳояшон чӣ фикре мекунанд. Бой боз ба Восеъ нигоҳ карда пурсид:
– Бародаратро ба чӣ гуноҳ зиндон кардаанд?
– Бе ҳеҷ гуноҳ, – кӯтоҳакак ҷавоб дод Восеъ. Ӯ намехост ба ин одамон, ки ба худаш бо назари тамасхур нигоҳ мекунад, воқеаи Назирро баён кунад.
Лекин, аз афти кор, ин масъала барои Мирзои Қорӣ аҳамияте дошт, ки ӯ боз гуфт:
– Ту аз Шаҳрисабз ҳафтод фарсах дур, дар Ховалинги гумном истода аз куҷо медонӣ, ки бародарат бегуноҳ аст?
Восеъ чашм ба чашми бой дӯхта як лаҳза фикр карда истоду ҷавоб дод:
– Пас, оё шумо, тақсир, ӯро гунаҳгор ҳисоб мекунед?
– Набошад чӣ. Бегуноҳ бошад, барои чӣ ӯро зиндон карданд?
– Ана, ҳамин саволро ман ҳам мехоҳам, ки рафта ба ҳокимони Шаҳрисабз диҳам. Аммо, тақсир, ман бародари худамро шинохта, бо чӣ туҳмат ба зиндон ғалтиданашро дониста мегӯям, ки ӯ бегуноҳ аст. Шумо бошед ӯро нашинохта, ваҷҳи ба зиндон ғалтиданашаро надониста, ӯ гунаҳгор аст мегӯед. Ҳақиқат куҷост, тақсир?
Раиси собиқ дармонда гуфт:
– Ӯ–ӯ, ту бало будаӣ, гапдон будаӣ!
Амини дамнишаста, ки ҷунбишҳои бесаброна мекард,

пешина
аз 471
навбатӣ