АХТАРОНИ АДАБ

Саис ба ӯ хонаи хӯҷаинашро таъин кард. Восеъ ёфта рафт.
Амин, пирамарди қоқинаи касалнамо, бо меҳмони ғафси пуртану тӯши паҳнрӯйи шаҳкосачашми ҷоғвасеи худ дар айвони меҳмонхона чой нӯшида нишаста буданд. Ҷавони лоғари рангзарде, ки аз афташ ба қарибӣ аз вараҷа сиҳат ёфта буд, дар пойгаҳ нишаста чой мекашид.
Меҳмони аминро Восеъ намешинохт, аммо хонанда ӯро аз боби аввали китоб мешиносад: ӯ ҳамон Мирзои Қорӣ ё худ Мирзоакрамбойи ғиждувонӣ буд.
Ӯ дар Қубодиён як сол зиёдтар закотчигӣ кард. Дар ин муддат ноиби қозӣ (ноиби қозикалони Бухоро дар Қубодиён), ки ҷосуси махсуси амир ҳам буд, ду бор ба амир навишт, ки Мирзоакрамбойи закотчӣ аз мардум ришваи бисёр мегирад. Амир тафтиши кори закотчии ришвахорро ба девонбегии худ ҳавола кард. Девонбегӣ бо ҳокими Қубодиён маслиҳат карда, дуяшон Мирзоакрамбойро бе тафтишу моҷаро, «ба нағзӣ» аз мансабаш гирифта ба Бухоро равона карданро муносиб диданд, зеро Мирзакрамбой он қадар гӯлу нодон набуд, ки ришваро худаш танҳо хӯрад: ӯ ришваҳои мегирифтагиашро доим бо ҳоким ва бо девонбегии амир, ба тариқи ҳадяву пешкашҳои мунтазам бо ҳам медид.
Мирзои Қорӣ баъди аз мансаб маъзул шуданаш ба як қисми пули аз хизмати закотчигӣ пасандоз кардааш дар Ёвону Кӯктош аз аспдорони муҳтоҷи пул понздаҳ сар аспи лақаиро ба нархи арзон харида буд, то ки онҳоро ба Бухоро бурда қиматтар фурӯшад, зеро дар он тарафҳо аспи лақаӣ ба хубӣ машҳур ва баҳояш баланд буд.
Восеъ салом дода, кӣ буданашро гуфт ва арзи муддао кард. Мирзои Қорӣ ба сар то пойи ӯ чашми харидорӣ давонда пурсид:
– Ба Шаҳрисабз барои чӣ меравӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё